Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 05:14

Академик Абдуллоев: "Тоҷикон элитаҳои узбаканд"

8 июл 2013, 11:29

Рустам Абдуллоев, доктори илмҳои иқтисодии Узбакистон, гуфтааст, кишвараш бояд узвияти НАТО-ро ба даст оварда, ба бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон иддаои бозпас гирифтани заминҳои худ кунад.

Ба гуфтаи Абдуллоев, дар давраи ҳукмронии Темури Ланг гӯиё ин минтақаҳо дар ихтиёри узбакҳо будаанд. Илова бар ин, академики узбак таъкид доштааст, ки Узбакистон ба хотири манофеи миллии худ бояд ба узвияти НАТО шомил шавад.

Дар бораи Тоҷикистон Абдуллоев афзудааст, “аслан тоҷикҳо ин “нухбагони узбак” мебошанд, ки бо забони форсӣ ҳарф мезананд, ба мисли он ки ашрофони рус дар қарни 19 бо забони фаронсавӣ менавиштанду сухан меронданд.”

Ин академики узбак ҳарфҳои раҳбари кишвари худро ба ёд оварда, мегӯяд, тоҷикону узбакҳо як миллате мебошанд, ки бо ду забон ҳарф мезананд. “Худи раҳбарияти Узбакистон буд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистонро ба хотири дӯстии бародаронаш ба мардуми тоҷик ва кумак намудан барои анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар дар солҳои 1992-97, ки мунҷар ба ҳалокати 150 ҳазор нафар ва муҳоҷир гаштани 75 ҳазор шуда буд, сари қудрат овардааст”,- гуфтааст Абдуллоев.

"Узметроном”, як торнамои узбакӣ, зиёдаравӣ ва ин изҳороти ғайримантиқии академики узбакро нишонаи гирифтории ӯ ба бемории шизофрения донистааст. Вале ҳамзмон “Узметроном” хабар медиҳад, ки ин мақола дар сомонаи зери назорати корманди собиқи Хадамоти махсуси Узбакистон чоп шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Точикон ,Узбакхо дар он вакте,як Милат буданд ,ва бо ду забон харф мезадаанд. Точикхо Шоир Доштанд,ки номи у ЧАФАР РУДАКИ буд соли 858- тавалуд шуда буд дар ПАНЧАКЕНТИ имруза. Хело хуб мешуд,ки бародарони мо Узбакхо ва Академикашон, ягон шоирашонро ,ки бо забони Узбаки мисли АБУ-АБДУЛЛО шер менавист муарифи мекардаанд, ва бад аз он мегуфтанд,ки Точикон кистан ва кихо будаанд. САДИЁО -ШЕРОЗИЁО ,ТАЛИМ МАДЕХ БАД ЗОДРО . БАДЗОД, АГАР ДОНО ШАВАД САНГЕ ЗАНАД УСОДРО.
Посух додан
  • Абубакр

  • 8 июл 2013 11:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ту ки шуди худат.
Посух додан
  • шорох

  • 8 июл 2013 12:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар узбакхо чунин даъво кунанд пас мо хам даъво мекунем .мо хукуки чунин даъворо аз узбакхо дида зиëдтар доремм
Посух додан
  • Точик

  • 8 июл 2013 13:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Набошад аз элитахошон ёдгиранд дия гап задана .. на аз фохишаву мардикорошон..
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Оё ин академики бесавод фикр намекунад, ки пеш аз темуриёну карахониён ихтиёри ин кишвархои ёдоваршудааш дар дасти ки буд???
Посух додан
  • nodir

  • 8 июл 2013 14:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ва академики бесавод хобаша обба гуд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ха ман хам пурра ин изхоротро хондаму хайрони вучудоти миллати худ, бо номи Точик ё Тазик ё Тачик, шудам. Ана ин дарси ибрат ба зиёиёни мо! Ана ин,беобру кардани нангу номуси зиёиёни мо!Академик Масовро калбаки хисобидан,Б.Гафуров гуё вучуд надошту Рудакиву Айни хам узбак буданд. Ин академики чаласаводро ба суди байналхалки кашидан зарур аст, Ва ба назди, зиёиёни имрузаи миллат.вазифа гузоштан даркор аст ки, аз гуфтахои О. Тутубалина хафаву хашмгин нашаванду, суханони ин чалаакадемики узбакро тахлил кунанду ба миллати Ориёи точик КИ будани моро, дайн созанд!!. Вагарна маърузаи ин миллатпарасти туркначот, ба обруи миллат, хело ва хело зиёну касод меоварад!!!
Посух додан
  • Фаромуз

  • 8 июл 2013 17:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
самарканду бухоро гирифтан боз ба ин сухан номи точикро гум карданихан.МО ЯК Милатем меган. не-не! узбеко таърихшон аз асри 16 сармешава.баъди чанги мугулхо.Мо узбек нестем! шумо точик нестед!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Халки точик Эмомали Рахмонро барои он овоз дода буданд, ки ваъда карда буд, ки Самарканду Бухороро боз пас мегирем АЗ УХДАИ ВАЪДААШ НАБАРОМАД ФАРОМУШ КАРД. Фаромуш накунед, ки ба хамин рузхои наздик бокимондаи Точикистони азизамонро хам мегиранд...
МЕБАХШЕД КАМТАР БОЯД АЙШУ ИШРАТ КАРД ВА РАКСУ БОЗИ ВА СУРУДУ МУСИКИ ГУШ КАРД... ХАЙФ ХАЙФ ХАЙФ ХАЙФ ХАЙФ
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз ҷиҳати дигар, аз худсариву худкомагии роҳбарони кишварашон академикҳо низ безор шудаанд ва бо ягон роҳ мехоҳанд бигӯянд ки, "биёед бо тоҷикҳо ошти шавем". Он академик бесавод нест. Ӯ мехост бигӯяд: " Ай ҳамқавмон, аксарияти кулли калимаҳо ва истилооте ки дар забони узбакӣ ҳоло ҷорист, аз забони бародарони тоҷик гирифта шудааст. Масалан: ду-шанбе, се-шанбе ва ғайра; пойдевор, пойафзол, хона (дар тамоми шаклаш), чойхона, ошхона, корхона, болохона, ҷойнамоз, намози бомдод, пешин ва шом, сартарош, намакоб, фатир (онҳо "патир" мегӯянд), ширчой, шӯрбо (узб. "шӯрво"), ош, ҳалво, ҳалвои тар (узб. "ҳалвайтар"), суманак (онҳо "сумалак" мегӯянд), ҷавонмарг (дашном) (онҳо "ҷувонмарг" мегӯянд) ва садҳо калимаҳои ба мисли онҳо. Дар ин мавзӯ як диссертатсия низ навистан мумкин аст. Мутмаинам, онҳо намедонанд, ки ин калимаҳо тоҷикианд. Агар медонистанд, шояд аз забони модариашон дилсард мешуданд. Як замоне яке аз шоирҳояшон афсӯс хӯрда, нависта буд; "Дар гузашта падару бобоҳоямон забони форсиро дар баробари арабӣ дар ҳамаи мадрасаҳо меомӯхтанд. Акнун чи шудааст ки он забонро танҳо дар факултаҳои шарқшиносии донишгоҳҳо ҳамчун хориҷӣ меомӯзанд?" Гуфтаҳои шоир ҷон дошт, зеро бе истифода аз забони форсӣ (яъне, тоҷикӣ) онҳо ашъор назм карда наметавонанд. Ин далели собитшуда аст. Дар ҷудоӣ аз тоҷикон ин амр шояд боз ҳам мушкилтар шуда истодааст.

Метарсамки, ҷудоӣ аз тоҷикон барои онҳо дигар мушкилотро низ эҷод карда истодааст. Ду се сол пеш дар як аз мақолаҳои рӯзномаи русие, ки аз сайти ferghana.ru иқтибос шуда буд ин тавр нависта буданд; " На протяжении веков в Средней Азии таджики играли и продолжают играть важную ЭСТЕТИЧЕСКУЮ роль...." Яъне инки, "дар тули асрҳо дар Осиёи Миёна тоҷикон нақши муҳимми эстетикиро (ЗЕБОИРО) иҷро мекарданд ва карда истодаанд." Агар ба ин ҷумла дурустакак таваҷҷӯҳ кунед, мефаҳмед, ки муаллиф чӣ мехост бигӯяд. Шояд он академики бечора дар фироқи ана ҳамон рӯзҳо месӯзад.
Посух додан
  • Доктор

  • 9 июл 2013 23:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар ин суханон чон аст. Шояд академик иттиходи Осиеи марказиро хамин тавр дарк мекунад. Иттиход халосии мо мардум(точику узбеку казоку туркмену авгон) аз империяхои Чину Хинду Русия аст.
Посух додан
  • МИРЗО

  • 11 июл 2013 01:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ЕЕЕ ВАЁ АКЛШОН БАДИ АБЕД МЕДАРОЯД АЙ БЕАКИЛИРА ХАРХЕЛ ГАПО МЕЗАНАНД
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Узбакхо такрибан 350-400 сол пеш баъди хучуми ЧИНГИЗХОН пайдо шуданд ва заминхое, ки холо зандаги карда истодаанд тули хазорхо сол буд, ки халки точик хукумрони мекарданд....

Шорох бародар вайхо аввалан хаки даъво карданро надоранд ва дуюман агар даъво кунанд вайхо мекунанд ва мо факт бо сухан (храб) мезанем ва ягон кор аз дастамон намеояд барои оне, ки хукуматдорони мо факт дар фикри айшу ишрат, раксу бози, сурудхони ва дуздию касрбинокуни мебошанд...
Посух додан
  • Ашраф

  • 11 июл 2013 22:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худовандо чаро турк офариди ,
Магар одам набуд, гург офариди
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
и хобта ба об бгу академики узбаки темури лангта як тараф бмону Исмоили Сомонира ба ёд биёр и тереторияи ки т кадам мезани зидди халки точик гап мезани и сарзамини форсхо буд халки точик ва узбак ягон вакт як миллат набуданду як миллат шуда наметавонанд барои ки дар мо хуни шоирон асту дар шумо хуни Чингизхон! Агар ту НАТО дори мо Эрон дорем
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!