Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 21:32

Ҳамватанони моро дар шаҳри Омски Русия ҷарима карданд

19 июл 2011, 03:47

Кормандони раёсати Хадамоти гумруки федералӣ дар Омски Русия аз боздошти муҳоҷирони кории тоҷик иттилоъ медиҳанд.


Бино ба навиштаи як ҳафтаномаи шаҳрии Омск, 7 тан аз ҳамватанони мо дар эъмори маҷмааи фарҳангӣ ва ёдбудии масум ба «Космос-3М» санги роҳрав месохтаанд. Гуфта мешавад, ёдгории мазкур ба хотири сокинони Омск, ки дар кашфи кайҳон саҳми зиёд доранд, бахшида мешавад ва интизор мерафт, имрӯз мавриди истифода қарор бигирад.

Хадамоти муҳоҷирати федералӣ иттилоъ медиҳад, ки аснои баргузории як амалиёти санҷишӣ сокинони Тоҷикистон дар сохтмони бунёдшаванда дастгир гардида, ҳар яки онҳо ба андозаи 2 ҳазору 100 рубли русӣ ҷарима шудаанд. Ба замми ин корфармо бо онҳо шартнома накарда, тоҷикон гӯё санади иқомати муваққатӣ ҳам надоштаанд. Паҳлӯҳои дигари қазия алъон тафтиш мешавад.

Дар ҳамин ҳол суоле дар интизори ҷавоб аст, ки ҳамватанони мо дар ин иншоот тайи ҳафт моҳи ахир кор мекардаанд, аммо ин барои мақомоти интизомии Русия ҳеч мушкиле надошта, акнун, ки тарҳи мазкур имрӯз ба поён мерасад, дар қиболи муҳоҷирон бархӯрди баръакс сурат мегирад. Оё корфармоён дар ин маврид ҳам аз коргарон фаромӯш накарда, музди меҳнати онҳоро мепардозанд?{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!