Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:42

Қудратов: “Ниёзбадалов дар шоҳидии Зайд Саидов маро таҳқир кард”

8 июл 2013, 14:58

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъ, мегӯяд, дар бораи таҳдид ва зарбу латаш аз сӯи Фирдавс Ниёзбдалов, муфаттиши Оҷонси зидди фасоди молӣ ба шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат карда, вале то ҳол посух дарёфт нанамудааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, пулиси ноҳияи Фирдавсии Душанбе мебоист дар се рӯз ҷавоби номаашро медод.

“Агар онҳо посухе нагӯянду чораҷӯӣ накунанд, ба мақомоти болоӣ муроҷиат хоҳам кард”,-афзуд Қудратов.

Озодагон: Ин воқеа, яъне таҳдиду зарбу латти Шумо чигуна рух дод?


Қудратов: “Ин ҳодиса баъд аз вохӯрии рӯ ба рӯ (очная ставка) бо соҳибкор Окушев (тоҷири қазоқистонӣ, ки аз болои Зайд Саидов шикоят кардааст) рух дод. Рӯзаш дақиқ дар ёдам нест. Дар он вохӯрӣ ба ҷуз ман, муфаттиш Ниёзбадалов, Зайд Саидов, Окушев ва котиби дуюми сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон буданд. Меҳмонон баромаданд ва Фирдавс Ниёзбадалов дар шоҳидии Зайд Саидов маро таҳқир кард. Ман посух додам ва ӯ боз ҳам зиёдравӣ кард.”

Озодагон: Чӣ гуна таҳқир? Чӣ гуфт?

Қудратов: “Ӯ гуфт: “Ту адвокати муттаҳам, ту аз пушти адвокатиат саратро мехӯрӣ. Дафъ шав, аз кабинети ман”. Ман ба ӯ гуфтам, якумаш ин кабинети ту нест, кабинети корӣ аст ва дуюм, ту худат маро наздат хондӣ, на ман. Баъд аз шунидани ин ҳарфҳо маро аз куртаам маҳкам кашиду берун баровард. Дигар тоқат карда натавонистам, аз худам дифоъ кардам. Кормандони Оҷонсӣ (Оҷонсии мубориза бо фасод) моро аз ҳам дур карданд. Ӯ маро зарба зад.”

Озодагон: Шумо гумон намекунед, ки ӯро ба ин кор водор кардед?

Қудратов: “Ман аз худам дифоъ кардам. Ӯ ҳақ надошт, ки маро таҳқир кунад.”

Озодагон: Баъд чӣ?

Қудратов: “Баъд аз ин ҳодиса ман ба ШКД-и ноҳияи Фирдавсӣ ариза навиштам, ки аз тарафи корманди Оҷонсии мубориза бар зидди фасоди молӣ ва ҷиноятҳои иқтисодӣ таҳти ҳамла қарор гирифтам ва латукӯб шудам. Аз ташхиси духтурон ҳам гузаштам, варам ҳам дар тани ман дида мешуд. Аммо то ба ҳол ҷавоби аризаро нагирифтаам.”

Озодагон: Чаро Зайд Саидов аз хидмати Шумо даст кашид ва рост аст, ки омили асосӣ ин таҳдид ба ҷони Шумо буд?

Қудратов: “Дар ҳақиқат, ҳамин тавр аст. Рӯзи 25-уми июни соли ҷорӣ фаҳмидам, ки Зайд Шерович аз хизматҳои ман даст кашидаанд. Баъдан, мо бо ӯ ҳудуди сӣ сония як вохӯрӣ ҳам доштем. Зайд Шерович ба ман изҳори сипос кард ва гуфт, ки аз хизмати ман ҳамчун вакили дифоъ даст мекашанд: “Ман хуб дида истодаам, ки ту чӣ тавр маро дифоъ мекунӣ, дар позитсияи худ пофишорӣ мекунӣ. Аз ин корат муфаттишон асабӣ мешаванд ва бо ту ҷангҷол мекунанд. Ман худмаро чандон хуб ҳис намекунам. Аз ин хотир, чунин тасмим гирифтам. Ман мехоҳам қазияи ман ором ҳал шавад”. Баъдан ман пурсидам, ки Зайд Шерович, ин аризаро бо хости худ навиштед ё таҳти фишор, ки аз хизматҳои ман даст мекашед? Зайд Саидов гуфтанд: “Маро касе маҷбур карда наметавонад”. Ин дам, муфаттиш Холмуродов Фирӯз нагузошт, ки Саидов фикрашонро то ба охир бигӯянду ба ман садо кард: “Тамом. Ӯ дигар аз хизматҳои ту даст кашид”. Ҳамин тавр сӯҳбати мо Зайд Саидов ба охир расид.”

Озодагон: Он даъвои Низомхон Ҷӯраев алайҳи Зайд Саидов чӣ шуд?


Қудратов: “Нисбат ба Зайд Саидов парвандаи ҷиноӣ дар асоси даъвои Низомхон Ҷӯраев мутобиқи банди моддаи 319 боз шуд. 19-ми май Зайд Саидов боздошт карда шуд. Чӣ тавре ки пештар гуфта будам, ин боздошт ғайриқонунӣ сурат гирифт. 20-уми май сӯҳбати рӯ ба рӯи Зайд Саидов бо Низомхон Ҷӯраев баргузор шуд. Инҷо илова карданӣ ҳастам, ин вохӯрӣ ҳам зидди талаботи қонунгузории кишвар ба амал омад. Ҳоло ҳам ба ин боварам, ки ин вохӯрӣ ғайриқонунӣ сурат гирифта буд. Ҳозир муфаттишон болои тамоман дигар корҳо машғуланд, ки онҳо аслан ба даъвои Ҷӯраев рабте надоранд.”

Озодагон: Даъвои вйетнамӣ чӣ?

Қудратов: “Даъвои вйетнамӣ Хван Вани Хепа, даъвои ҷиддӣ нест. Вақте бо ӯ ҳам вохӯрии рӯбарӯ ташкил шуд, аз худи Зайд Саидов касе чизе напурсид. Вохӯрӣ бо Низомхон ҳам ҳамин тавр рух дода буд. Муфаттишон наметавонанд ин айбномаҳоро ба парванда часпонанд.”


Акс: Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъ (Акс аз торнамои "Озодӣ")


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • саломат

  • 25 феврал 2014 20:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
коре шуду марди асили точика говсуд карда ба зиндон андохтанд!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!