Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:43

Ҳудуди 102 тонна меваю ангур ҷамъоварӣ карда мешавад

19 июл 2011, 05:01

Корхонаҳои кишоварзӣ  ва  хоҷагиҳои  деҳқонии  ҷумҳурӣ  дар  маъракаи ҷамъоварӣ ва захираи  меваю  ангур  ва  ғанӣ  гардонидани  дастурхони  аҳолӣ  саҳм мегиранд.


Аз рӯи маълумотҳо соли равон дар ҷумҳурӣ бояд 68 ҳазору 455 тонна мева ва 34 ҳазору 550 тонна ангур  ҷамъоварӣ  карда  шавад.
Тавре аз маркази матбуот ва иттилооти вазорати кишоварзӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, то санаи 18-уми июли  соли  ҷорӣ 19.016 тонна (28%) мева ва 231тонна (0,7%) ангур ҷамъоварӣ  карда  шудааст. Дар вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли мева 18 ҳазор  ва нақшаи истеҳсоли ангур бошад 8.900 тоннаро дар бар мегиранд, ки то санаи 18-уми июл 5497 тонна (31%) мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2025 тонна зиёд мебошад. Ангур бошад, ба миқдори 217 тонна (2,4%) ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 37 тонна зиёдтар мебошад. Дар вилояти Суғд нақшаи  истеҳсоли мева 34 ҳазор ва ангур 19 ҳазор тоннаро ташкил медиҳанд, ки то имрӯз 12.980 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст. Дар ноҳияҳои тобеъи марказ бошад, нақшаи истеҳсоли мева 6.555 тонна ва ангур 6.650 тоннаро дарбар мегирад, ки айни ҳол 539 тонна (8%) мева ва 14,2 тонна (0,2%) ангур ҷамъоварӣ карда шудааст.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!