Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 08:52

Муқоисаи байни ду иттиҳод; аз вафои эрониён ба Асад то хиёнати шайхҳои араб ба Мурсӣ

9 июл 2013, 14:24

Дар ду соли гузашта Эрон ва Сурия сахттарин рузҳои худро дар бурҳаи замонии муосир мегузаронданд, аммо Эрон баръакси шайхҳои араби ҳошияи Халиҷи Форс нишон дод, ки муттаҳиди худро танҳо намегузорад ва таслими фишорҳои байналмилалӣ намешавад.

Ба навиштаи хабаргузории “Форс” дар равобити байналмилал, дустӣ байни кишварҳо ва барқарории иттиҳоди сиёсӣ ва роҳбурдӣ амре табиӣ аст, ки умуман байни кишварҳои дорои манофеъи муштарак ва бозигарони минтақаии наздик ба ҳам шакл мепазирад. Аммо ончи дар ин иттиҳодҳо муҳимтар аст, беш аз нафси иттиҳод, шеваи рафтори муттаҳиддин бо якдигар ва мизони вафодории онҳо ба якдигар дар мақотеи ҳассос аст.

Бадеҳист, ки иттиҳод байни ду бозигари байналмилалӣ, дар шароити оддӣ амре чандон шоқ ва ғариб нест, балки замоне ин иттиҳод метавонад мавриди таваҷҷуҳи бештар қарор гирад, ки яке аз ду тарафи иттиҳод дучори буҳрон мешавад, билахасс агар дар ин буҳрон нақши неруҳои хориҷӣ ҳам қобили мушоҳида бошад.

Бадеҳист, ки агар як буҳрон сирфан ҷанбаи дохилӣ дошта бошад, мутаҳидин дар умури дохилии якдигар набояд дахолат кунанд, аммо агар дахолати хориҷӣ дар он ба чашм хурад, тардиде нест, ки муттаҳиддин бояд канори якдигар қарор гиранд.

Ин гуна иттиҳодҳо дар даврони ҷанги сард, аз муҳимтарин абзорҳои эҷоди мувозина дар арсаи байналмилалӣ буданд ва ду паймона мувозинасози Варшав ва Нато ба унвони як намунаи классик аз мувозина бо паймонҳои байналмилалӣ ба шумор мераванд.

Дар минтақаи Ховари Миёна низ, иттиҳодҳо таи солҳои гузашта нақши басазое дар контрол ва мудирияти таҳаввулоти минтақа доштаанд. Агар Исроил дар ҷанги 2006 алорағми задани осебҳои фароҷон ба кишвари Лубнон натавонист натиҷаи набардро ба нафъи худ тағйир диҳад, ношӣ аз ин иттиҳоде буд, ки байни Эрон, Ҳизбуллоҳ ва ҷумҳурии арабии Сурия ҷараён дошт ва меҳвари муқовимат хонда мешуду мешавад.

Ин меҳвар, таи солҳои гузашта яке аз асоситарин аносури тағйирдиҳанда ва дар айни ҳол тасбиткунандаи муодилоти минтақа буда ва ҳаст ва иллати аслии он ҳам ин аст, ки аъзои ин меҳвар ба иттиҳод бо ҳам имон доранд ва бо як ангораи идеулужӣ онро дунбол мекунанд.

Пас аз инқилобҳои арабӣ, ки ба сарнагунии теъдоде аз диктотурҳои секулори минтақа мунҷар шуд, суҳбат аз зуҳури як эътилофи суннимазҳаб дар баробари меҳвари муқовимат мешуд. Қудратҳои байналмилалӣ қасд доштанд бо доман задан ба ихтилофоти деринаи шиъа-суннӣ дар минтақа, як меҳвари сунниро дар баробари меҳвари шиъа муқовимат диҳанд ва бар асоси ин меҳварро низ кишварҳои Туркия, Миср, Арабистони саъудӣ ва Қатар ташкил медоданд. Ҳатто дар конфронси мавсум ба Ҳертелзиё, ба Исроил ҳам тавсия шуда буд, ки худро ба меҳвари мавсум ба суннӣ наздик кунад то битавонад ба душмани аслии худ, яъне меҳвари муқовимат зарба бизанад.

Ду тан аз сарони минтақа, ки содалавҳона ва бо нодида гирифтани лузуми иттиҳод дар ҷаҳони ислом дар баробари душманони муштарак комилан бо ин идда ҳамроҳӣ карданд, Урдуғон ва Мурсӣ буданд. Арабистон ва Қатар ҳам агарчи бо ин бозӣ ҳамроҳӣ карданд, аммо ин ду кишвар зотан нигоҳи амниятимеҳвар доранд ва саъй мекунанд камтар ба дунболи дарди сар бошанд.

Нуқтаи авҷи мувоҷиъа бо якдигар, дар буҳрони Сурия буд. Дар моҷарои Сурия, кумакҳои молӣ- таслиҳотии Арабистон ва билахасс Қатар дар канори кумакҳои луҷастикии Туркия ва кумакҳои сиёсии Миср Мурсӣ ба ҳамроҳи басиҷи неруҳои салафӣ аз саросари ҷаҳон ба суи Сурия, аз асос бо ҳадафи зарба задан ба меҳвари муқовимат анҷом мешуд, на сирфан барканор кардани Башор Асад ва сарбаровардани демукросии ғарбӣ дар Сурия. Хандадортар аз ин намешуд, ки кишварҳое чун Қатар, Арабистони саъудӣ, ки усулан бо демукросӣ фарсангҳо фосила доранд, худро ҳомии демукросӣ дар Сурия ҷилва диҳанд.

Инҷост, ки метавон байни ду иттиҳод муқоисае ҷиддӣ ба амал овард: иттиҳод байни Эрон ва Сурия ва иттиҳод байни шайхҳои араби Халиҷи Форс бо Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср.

Сурия дар шароите мавриди ҳаҷмаи бозигарони байналмилалӣ ва минтақаӣ қарор гирифт, ки Эрон дар сахттарин фишорҳои байналмилалӣ буд. Масъалаи барномаи суломези ҳастайии Эрон ба мустамескӣ табдил шуд, ки бар асоси он, ҷабҳаи муттаҳиди Ғарб, иртиҷоъи арабӣ ва Исроил аз он барои зарба задан ба Эрон истифода мекарданд ва мекунанд. Таҳти ин фишорҳо сахттарин таҳримҳо алайҳи Эрон вазъ шуд, аммо Эрон ҳатто як лаҳза муттаҳиди минтақаии худро танҳо нагузошт.
Дар ду соли гузашта Эрон ва Сурия сахттарин рузҳои худро дар бурҳаи замонии муосир мегузаронданд, аммо Эрон нишон дод, ки муттаҳиди худро танҳо намегузорад ва таслими фишорҳои байналмиалалӣ намешавад.
Аммо вақте Муҳаммад Мурсӣ, муттаҳиди шайхҳои араби Халиҷи Форс тавассути артиш аз қудрат барканор шуд, Арабистони саъудӣ яъне Муҳаммад Мурсӣ дар ончи меҳвари суннихонӣ, аввалин кишваре буд , ки барканории муттаҳиди дирузи худро табрик гуфт. Қатар ҳам ба зудӣ ба Риёз пайваст ва танҳо Урдуғон- шояд ба хотири бархе хусусиёти хоси ахлоқияш- барканории Мурсиро маҳкум кард ва албатта танҳо ба маҳкумияти лафзӣ низ иктифо кард.

Агарчи шояд ин рузҳо дар Миср аксарияти ҷомиъа аз барканории Муҳаммад Мурсӣ хушҳол бошанд, аммо дарвоқеъ амри тардиде нест, ки ончи дар Миср рух дод, як кудитои пупулистӣ буд, яъне кудитое, ки аз ҳимояти мардумӣ бархурдор аст, аммо ҷанбаи қонунӣ надорад. Мумкин аст дар бисёре аз нуқоти Ховари Миёна ва ҳатто дар кишвари худамон низ бисёре аз барканории Мурсӣ хушнуд бошанд, албатта ин амр бо таваҷҷуҳ ба амалкарди яксоли ахири вай аҷиб нест, аммо наметавон тардид кард, ки роҳ афтодани суннати кудито дар кишваре ҳамчун Миср, дар кулл ба нафъи мардуми ин кишвар нест.

Суннати кудито чизе шабиҳи ҳамон суннати халифакушӣ аст, ки дар садри ислом ба роҳ афтод. Ҳазрати Алӣ, агарчи аз Ислом бо хилофати халифаи сеюмӣ мухолиф буд, аммо тамоми талоши худро карданд, ки кор ба кори халифакушӣ накашад, иттифоқе, ки агар уфтад ва ҷомиъаи муслимин садри Ислом дар тули солҳои баъд, ҳазинаи онро пардохт кард.

Аз муттаҳидини Мурсӣ интизор мерафт, ки дастикам аз барканории у бо кудито ҳимоят накунанд, аммо комилан бар хилофи ин интизор, руйкарде мутазод аз суи шайхҳои араби Халиҷи Форс рух намуд.

Ин тафовут дар ду иттиҳод, яъне тафовут дар вафопешагии миллати Эрон ва хиёнатпешагии шайхҳои араб, замоне возеҳтар мешавад, ки нигоҳе ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии саҳюнистии Дебко бияндозем. Дебко дар ин гузориш таъкид мекунад, ки шайхҳои араби ҳошияи Халиҷи Форс натанҳо аз кудитои артиши Миср ибрози хушнудӣ кардаанд, балки дар он нақш доштаанд. Дар сурате, ки ин гузориши Дебко саҳеҳ фарз шавад, тардиде нест, ки шайхҳои араби Халиҷи Форс ба муттаҳиди худ хиёнат кардаанд.

Ин тафовут байни эрониён ва шайхҳои араб аст. Ба эрониён метавон эътимод кард, аммо ба шайхҳои араби ҳошияи Халиҷи Форс наметавон. Оё ин воқеияти паём ба муоризони Эрон дар масъалаи ҳастаӣ надорад? Оё эрониён ҳамон тавр, ки ба иттиҳоди худ бо миллати Сурия вафодор нахоҳанд монд, ки тавлиди силоҳи ҳастаӣ ҳаром аст? Барои эътимод ба миллати Эрон далел зиёд аст, аммо дар хусуси масъалаи ҳастаӣ, то кунун фаҳми далел аз суи тарафи муқобил кам сурат гирифтааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!