Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:48

Холиқов: Руҳониён дар мулоқот бо президент вазифаи имонияшонро адо карданд

9 июл 2013, 15:43

Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, имомхатибон дар мулоқоти ахир бо раисиҷумҳур ба сиёсат дахле накардаанд.

Холиқов, ки имрӯз, 9-уми июл, зимни нишасти матбуотии кумитаи зертобеаш дар Душанбе суҳбат мекард, таъкид намуд, ки имомхатибон дар мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон танҳо вазифаи инсонӣ, шаҳрвандӣ ва имонии худро иҷро кардаанд: “Онҳо танҳо мавқеъгирӣ карданд то аз Ислом ,гуруҳ ва ҳизбҳои сиёсӣ сӯиистифода накунанд. Ҳамаи суханони имомхатибон дар доираи қонуни озодии виҷдон ва сарқонун буд.”

Дар ҳамин ҳол Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, ки дар ин нишаст ҳузур доштааст, изҳор доштааст, ки аз номи шаҳрвандон дар мавриди аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шикоятҳоеро дарёфт намудаанд. Шаҳрвандон аз он шикоят кардаанд, ки аъзои ҲНИТ ба онҳо гуфтаанд, “агар шумо ба ин ҳизб дохил нагардед, кофар мешавед.” Ба гуфтаи Абдулқодирзода дар интихобот фаъолони ҲНИТ ба шаҳрвандон гуфтаанд, агар дар варақаи интихоботӣ ҲНИТ-ро хат занед, ин раво нест ва дастатон хушк мешавад.

Дар мавриди маош барои имомхатибон Абдураҳимов афзуд, ки ба вазорати молия пешниҳод карданд ва дар назар аст, имомхатибон бо маоши муътадил таъмин гарданд. Ӯ гуфтааст, имомхатибон дар ташаккули динию маънавии мардум саҳми арзанда мегузоранд ва дар аксари давлатҳои мутамаддин ин қадр карда мешавад.

Холиқов гуфт, маош барои имомхатибон дар дастрасӣ ба китобҳо кӯмак мекунад, чун баъзан барои хондани як мавъиза то 40 китобро хондан зарур меояд, ки ҳамаи онҳо пул меистанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Наход сафедро дида сиёх гуед. О ким кадоме пешниход кард ку Аз ХНИТ калимаи "И"-и мукаддас бардошта шавад, гуфт магар хамин сиёсат нест? Раисбой чомеа ва чаласа худ сиёсат аст. Арасту, Феербах, Маркс, Хрущев, Брежнев ва хатто хамон муллои деха хам, ки сухан кард, сиёсат аст, аммо сиёсат боз чанд появу пахлу дорад, ки мавзуи дигари сухбат аст.
Посух додан
  • амруло

  • 9 июл 2013 19:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
сурра"Аль-ан'ам " аят 3"
Он - Аллах на небесах и на земле. Он знает то, что вы утаиваете и совершаете открыто, и знает то, что вы приобретаете.
Посух додан
  • устувор

  • 10 июл 2013 09:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ачоиб ачоиб ачоиб ин чи намуд вазифаи имони аст ки таърифу тавсифи бехудуди подшох дар назди худаш.холо он ба мисли офтоб равшан аст ки дар ЧТ фаризахои худо ошкоро манъ карда мешаванд масчидхо табдил ба мактабу клубу.....(Хатлон)мегардад парвое надоранд.Ин муфтии лухтак гайри бозии ...........ро ичро кардан дигар коре надорад ё гумон мекунад ки у факат ислом аст холо он ки уро бенамозоне ба ин мансаб таин кардаанд вагарна як бесаводе беш нест
Посух додан
  • Сафар

  • 10 июл 2013 09:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом хабарнигорони хабаргузории озодагон!

Ба Худо касам ман ба чои хамин раиси кумитаи дин ва раиси Шурои уламо мешудам шармам меомад! Ди шаб дар шабакаи аввалхам хамаи ин "чанобон" Холиков, Абдулкодирзода ва ду нафари дигар, ки яке ректори донишкадаи исломи ва дигари кадом масъули дастгох буд баромаде доштанд. Он чо хам муфти бо таъкид иброз намуд, ки шахрвандон аз болои ХНИТ ба онхо мурочиат мекунанд, ки гуё аъзоёни ХНИТ гуфта бошанд, ки: "хар ки ба ХНИТ шомил нашавад кофир аст"! Бовар кунед хамин ХНИТ-ро кадру манзалат ва рейтингашро анахамин гуна "Исломдонхо" боло мебардоранд. Ба хамин хол хам хуб аст, ки мардум аз ХНИТ гуфтани хизб огох мешаванд ё хади акал баъди танкиди ин "муллохо" як интерес пайдо мекунанд! ХНИТ бояд аз инхо наранчад инхо аслан ба ХНИТ хеле мадади клон доранд!
Акнун дар маврижи баромади "муллохои дарбори" дируз бо як нафар мулло сухбат доштам. Номбурда гуфт хамаи онхое, ки дар назди Президент баромад карданд хамаашонро чанд руз пештар он сухану таърифномахоро аз тарафи кумитаи дин таёр карда ба онхо дода буданд! Ва як руз пештар хам айнашон репититсия гузаронида будан! Чаноби Холиков мардумро гулу гумрох шуморида имруз даъво дорад, ки муллохо карзи имонияшоро ичро крданд?!
Посух додан
  • Маҷид

  • 10 июл 2013 11:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар ҳамин Абдураҳим Холиков ва Саидмукаррам гуянд шир сафед аст ма бовар намекунамКодирбой,
Посух додан
  • дусти табарзан

  • 10 июл 2013 12:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аслан, ман Эмомалипарастам, бе шухи. вале сахт гамгин мешавам, вакте ки мебинам ин маслихатгарову накшакашонаш ва умуман, "кругаш" бечораро ончунон хизмати, ба гуфти Навчувонов "хукона"менамоянд, ки дигар дар паси ин амалхои... ношудани, тамоми хизматхои 22-солаашро ба 0 баробар мекунанд. Бечора, бо хама бузургиаш намебинад, дарк намекунад ва хам касе намефахмонадаш, ки дар пайи ин подхалимихо, муборизахои шадид алайхи Ислому исломихо инчову ончоро аз даст додан дорад. Вагарна, охир конституция динро, яъне исломро аз давлат, яъне аз Рахмон чудо намудааст. Пас, давлат аз Ислом чи мехохад, ки чудо шудани уро намехохад ва доимо бо у дар дарафт асту ришу челаки мусулмоноро чен кардан дорад. Агар чудои мехохад, интихоби имому амри маъруфу нахйи мункарро барои чи тахти контроли давлат мегирад? Ахиран, муллохову имомхатибонро таъмини маош намудан, ба чи хотир аст? Метарсам, ки дигар ин муллохо хамаги давлати мемонанду дар амри маъруф ва хутбаи чумъа ояту хадиси наве барои кадоме пайдо мекунанд. Охир, мохона мегиранду кори далати мекунанд ва... "сару дибоси махсусгардонидашудаи конуниро" дар ьар мегиранд.....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин чи афсонаест, ки дар хакки ХНИТ мебофанд
Баъзе муллохои мо аз таракиёти одоби чахонбини садхо сол кафо мондаанд.

Ман аз хамон муллохое, ки чунин таърифу тавсифи зиёд карданд пурсидани будам, ки кадом кори хубашро дида буданд, ки мо надидем ё мерафтанд дасташро мебусиданд то, ки вазифаи бандагиашонро адо мекарданд...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин Абдурахим Холиков будаст, ки имом хатибонро ба чунин таърифу тавсифи зиёд мачбур кардааст... Ин хам маълум шуд...

Ихтиёран таъриф намекуни.? Мачбуран сарзанишат мекунанд, ки таъриф куни.!

Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Абдурахим Холиков курсиро бо маблаги КАЛОН харидааст худаш успети таъриф карданро намеёбад имом хатибонро мефармад, ки таъриф кунанд...
Посух додан
  • АБДУЛО

  • 1 август 2013 15:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ВОЙ БАР МИЛАТЕКИ ЧУНИН ДАРКИ МАЪНО МЕКУНАД ХОЛОН,КИ МУЛОКОТИ ПРИЗИДЕНТ БО АХЛИ ЧАМОАТЧИГИ ЧАНДИН МАРОТИБА БО ТАКРОР ПАХШ ШУД ИММО КАСЕ БА ДАРКИ МАЪНО БАРОМАДИ ПРЕЗИДЕТ ХОДИМОНИ ДИН НАРАСИДАНД ВА ГУНА РУЯКИ БАХО МЕДАХАНД. ХОЛОН,КИ МАКСАД РУШАН ХАСТ ,КИ СОЛХОИ АХИР ТАРГИБИ ШИЪГАРОИ ДАР ТОЧИКИСТОН РУШД КАРДА ИСТОДААСТ ИНРО АКСАРИЯТИ РУХОНИЁНИ ТОЧИК МЕДОНАНД ВА БАЪЗЕ ШАХСИЯТХО АЗ ИН ХИМОЯТ МЕКУНАНД, ВАБАНДА АЗ МУЛОКОТИ РУЗИ 4-ИЮЛЬ БАРДОШТ КАРДАМ,КИ ПАХНИ ИН АКИДАИ БЕГОНА Х.Н.И.ТАЗ ХАММА БЕШТАР САХИМ ХАСТ ВА ИН ХИЁНАТРО ХАРГИЗ ВАТАН, МИЛЛАТ, ХУДДО НАХОХАД БАХШИД. МУЛЛО АБДУРАХИМ ИН МАЗМУНРО ОШКОРО БАЁН ДОШТ. НАХЗАТИ ИСЛОМИ, МИСЛИ ХУКУМАТИ ИСЛОМИ ЭРОН БА ДАРДИ МИЛАТИ МУСУЛМОНИ ТОЧИКИСТОН БЕГОНААСТ АЗ ИНРУ ХИЗБИ НАХЗАТ АЗ БАХРИ ВОРИСОНИ ХУД БОЯД ГУЗАРАД АГАР НАЗДИ ОНХО ИСЛОМ ВА МУСУЛМОНОНИ ТОЧИКИСТОН ЗАРРАЕ КАДР ДОШТА БОШАД. ОШКОРО МАВКЕИ ХУДРО БАЁН СОЗАД . БО РОХИ ДИПЛОМАТИ МАРДУМИ МУСУЛМОНИ ТОЧИКРО ГУМРОХ НАСОЗАД ИМРУЗ АКСАРИЯТИ МАРДУМИ ТОЧИК АЗ КИ БУДАНИ ВИЛОЯТИ ФАКЕХ ВА РОФИЗИ ГАРОИ ОГОХ ХАСТАНД,
Посух додан
  • шахид

  • 15 январ 2014 20:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эеее,пас табаррукалло ,пас табаррукалло...........бархеста дар як мачлиси калони сиёсй бале сиёсй,ки президенти кишвар хузур дорад бигуянд,ки исломро бардоред ин вазифай имонй махсуб мешудааст,исломро аз инчо бардоред дар як чой дига бархам бизанед пас чой ислом кучост дар ин чомеай99% мусалмони мо а раисидин?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!