Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:52

Пешниҳоди ироаи паноҳандагӣ ба Сноуден дар Қирғизистон

9 июл 2013, 16:17

Бархе аз коршиносони Қирғизистон ба ҳукумати кишварашон додани паноҳандаи сиёсиро ба Эдвард Сновден-корманди пешини кашфи Амрико пешниҳод кардаанд.

Тавре расонаҳои қирғизӣ иттилоъ медиҳанд, Чингиз Болотбеков, раҳбари ҳаракати “Финанс”-и Қирғизистон ба ҳукумати ин кишвар пешниҳод кардааст, дар муқобили амалкарди Амрико дар бораи бастани парванди Максим Боқиев, ба Эдвард Сновден ҳаққи паноҳандагӣ диҳад.

Раҳбари ҳаракати “Финанс”-и Қирғизистон, ки имрӯз 9-уми июл зимни нишасти матбуотие дар ин бора суҳбат мекард, гуфт, Сновден тасмим дорад ба Боловия равад, вале аз Маскав то онҷо 9 ҳазор километр мебошаду ҳеч нафаре наметавонад ба онҷо расад, ҳатто ин корманди пешини кашфи Амрико.

Ӯ гуфт, ҳар яки мову шумо медонем, ки имконияти пушти панҷара кардани Боқиевро доштем, замоне дар Амрико алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карда буданд. Вале тамоми ҷиноят алайи раисиҷумҳури пешин бардошта шуд ва ин имконият аз даст рафт. Аз ин рӯ, агар мо ба Сновден ҳаққи паноҳандагӣ диҳем, пас ба он амалкарди Амрико посухи хубе хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Болотбеков, Қирғизистон новобаста аз он ки дар қаламраваш пойгоҳи низомии Амрико ҳузур дорад, як кишвари озод буда, намегузорад, ки ин ҷосуси амрикоӣ ба Вашингтон таслим шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!