Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 06:51

Пойи Берлусконӣ дар баҳси Назарбоев бо Аблязов

10 июл 2013, 13:10

Силвио Берлусконӣ, нахуствазири пешини Итолиё барои кумак ба Нурсултон Назарбоев дар мавриди берун кардани хонаводаи мухолифи аршади қазоқ аз Рум гумонбар дониста шудааст.

Ба навиштаи “The Independent”, рӯзи 29-уми май ҳамсар ва духтари Мухтор Аблязов, мухолифи аршади ҳукумати Қазоқистон бо фармони Анҷелино Алфано, вазири умури дохилии Итолиё ба хотири ин ки гӯиё шиносномаи қалбакӣ доштаанд, аз Рум берун карда шудаанд. Манбаъ мегӯяд, сиёсатшиносон ва рӯзноманигорони итолёӣ Алфаноро ба он муттаҳам кардаанд, ки ин хонаводаро бо дархости Нурсултон Назарбоев аз ин кишвар берун кардааст.

Ба гуфтаи онҳо, вазири умури дохилии Итолиё яке аз шахсиятҳои наздики Силвио Берлусконӣ, собиқ нахуствазири Итолиё ва дӯсти самимии Назарбоев мебошад ва дар мавриди берун кардани ин хонавода раисиҷумҳури Қазоқистон аз ӯ кумак хостааст.

Ин дар ҳолест, ки додгоҳи Рум қалбакӣ будани шиносномаҳои хонаводаи Мухтор Аблязовро рад карда, қонунӣ будани раванди берункунии онҳоро аз Итолиё мавриди омӯзиш қарор додааст. Аз сӯи дигар, Энрико Летта, нахуствазири вақти Итолиё ба мушикофона таҳқиқ намудани ин қазия дастур додааст.

Маврид ба зикр аст, ки Мухтор Аблязов дар Қазоқистон ба тақаллубкории иқтисодӣ ба ҳаҷми 5 миллиард доллар муттаҳам дониста мешавад. Додгоҳи олии Лондон феврали соли 2012 Аблязовро ҳукм ба 22 моҳи ҳабси пешакӣ карда, ҳанӯз ҳукми ниҳоии ӯ хонда нашудааст. Ин дар ҳолест, ки худи мухолифи қазоқ иттиҳомот алайҳи худро рад намуда, онҳоро ангезаҳои сиёсӣ медонад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!