Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 15:44

146 гол дар ду бозӣ. 67:0 ва 79:0

10 июл 2013, 16:49

Дар ду бозии Лигаи ҳаваскорони Нигерия 146 гол зада шудааст.

Бино ба иттилои расида, бозии миёни дастаҳои «Полис Машин» ва «Бабаяро» бо ҳисоби 67:0 ва дидори клубҳои «Плато Юнайтед Фидерс» бо «Акурбой» бо ҳисоби 79:0 поён ёфтааст.

Kick off Nigeria навиштааст, ки қабл аз бозиҳои даври охири плей-оффи дивизиони чоруми лигаи ҳаваскорон имтиёзи «Полис Машин» ва «Плато Юнайтед Фидерс» баробар буд. Дар сурати пирӯзии ин дастаҳо дар даври охир аз рӯйи таносуби тӯбҳо ғолиб муайян мешуд (қабл аз бозӣ он ҳам баробар буд).
Чун «Плато Юнайтед Фидерс» бо ҳисоби бештар дастболо шуд, мебоист маҳз он дар ҷадвали мусобиқот ҷои аввалро ишғол мекард, аммо раҳбарияти лига натиҷаи ҳар ду бозиро бекор кардааст.

Муҳаммад Санусӣ, сарвари кумитаи мусобиқоти Федератсияи футболи Нигерия натиҷаи ин бозиҳоро «шармандагӣ» хондааст. Ба қавли ӯ, раҳбарияти лигаи ҳаваскорӣ ояндаи наздик дар робита ба ин бозиҳо тасмим хоҳад гирифт.

Эммануэл Адесаня, дабири кумитаи иҷроияи лигаи ҳаваскорӣ «Плато Юнайтед Фидерс» ва «Полис Машин»-ро «тимҳои найрангбоз» унвон карда, гуфтааст, барояшон дар лига ҷой нест. Вай ҳамчунин афзуда, довароне, ки ин бозиҳоро назорат мекарданд, мувақкатан аз кор ронда шудаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!