Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 01:39

Воқеъан, норасоии маблағ дар ҳаҷми 2604,6 ҳазор сомонӣ ба миён омадааст, ки вобаста ба воридоти маблағ дар рўзҳои наздик пурра маблағгузорӣ хоҳад шуд.

19 июл 2011, 06:42

Посухи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба як матлаби интиқодии  «Озодагон» Дар сомонаи хабаргузории «Озодагон» рўзи 15.07.2011 мақола  таҳти унвони  «Кўлоб: ҳатулкорӣ дар пардохти нафақа» интишор гардид, ки муаллиф (Аслиддин Достиев) дар хусуси мавҷудияти қарздории маблағҳои нафақа, сари вақт дастрас нагардидани нафақапулиҳо дар минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон таҳлилҳо гузаронидааст. Қобили қайд аст, ки таъмини нафақа дар ҷумҳурӣ ҳанўз аз соли 2002 бо риояи қатъии низоми моҳ ба моҳ ба роҳ монда шуда, вобаста ба воридоти маблағҳои андози иҷтимоӣ, ки манбаи асосӣ ва ягонаи таъмини нафақа ва кўмакпулиҳо ба ҳисоб меравад, шояд баъзе мавридҳо дар баъзе ноҳияҳо то нимаи моҳ, яъне то таърихи 15-уми моҳе, ки бояд нафақа пардохт шавад, таъхири пардохт ба назар расад, ки ин мафҳуми қарзи нафақа не, балки ақибмонӣ аз низоми таъмини моҳ ба моҳро ифода мекунад. Аслан ин амр низ доимӣ набуда, дар як-ду сол шояд маротибае дар ибтидои сол ба назар расад, зеро вобаста он ки ҷумҳурии мо кишвари  аграрӣ мебошад, воридоти бештари маблағи андози иҷтимоӣ ба нимаи дуюми сол рост меояд. Воқеан ҳам, тибқи маълумотҳо, талабот барои маблағгузории нафақа ва кўмакпулиҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб дар шаш моҳи соли ҷорӣ 54362,1 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ба таърихи 15 июл 51757,5 ҳазор сомонии он маблағгузорӣ гардида, норасоии маблағ дар ҳаҷми 2604,6 ҳазор сомонӣ ба миён омадааст, ки вобаста ба воридоти маблағ дар рўзҳои наздик пурра маблағгузорӣ хоҳад шуд. Дар мавриди теъдоди коргарони раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи минтақаи Кўлоб, мўҳтарам Аслиддин Достиев  бо «фаъолияти бефаъолият» унвон додани кори 38 нафар коргарони ин минтақа гуфтанием, ки ба ғайр аз маблағгузории нафақа ва кўмакпулиҳо, кори асосие, ки ба зиммаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа гузошта шудааст, ин мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 Феврали 1999 №26 «Дар бораи тартиб ҷорӣ намудани ҳисобномаҳои шахсии пасандозӣ ва баҳисобгирии инфиродии (фардикунонидашудаи) саҳмҳои суғурта соҳаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баҳисобгирии инфиродии шахсони ҳуқуқию воқеӣ ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, таҳлили дурустии пешниҳоди талабот барои маблағгузории нафақа, баҳисобгирӣ ва назорат аз рўи хароҷоти маблағҳои андози иҷтимоӣ, ҷамъоварии андози иҷтимоии инфиродӣ, инчунин дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3112.2009, №665 «Дар бораи Қоидаҳои пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ аз ҳисобномаи инфиродии шахсони суғурташуда» таъин, ҳисобӣ ва маблағгузории маблағҳои андўхти нафақавӣ низ ба зиммаи мутахассисони Агентӣ вогузор карда шудааст. Қобили қайд аст, ки агар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мушкилоти технологӣ низоми баҳисобгирии инфиродӣ дар сатҳи кишварҳои муштаракулманофеъ баъд аз ҳама кишварҳо ҷорӣ гардида бошад ҳам, соли 2008 Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар сатҳи ин кишварҳо аввалин шуда механизми пардохти маблағҳои андўхти нафақавиро таҳия намуда аз 1 июли соли 2009 ба пардохти ин маблағҳо шурўъ намуд, ки ин механизм бо дархости як иддаи кишварҳои муштаракулманофеъ мавриди омўзиши онҳо қарор дода шудааст, ки аз фаъолияти босамари мутахассисони Агентӣ шаҳодат медиҳад. Дуввум ин ки 38 нафар мутахассис танҳо дар як раёсати минтақавӣ не, балки дар тамоми шўъба ва бахшҳои минтақаи Кўлоб, дар нўҳ ноҳия фаъолият мебаранд. Аз ин шумора 10 нафар бевосита мутахассисони Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ маҳсуб ёфта, бо мақсади қайди тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоии онҳо, ба ҷамъоварӣ ва ворид намудани маълумотҳо оиди ҳар як шаҳрванд ба манбаи маълумот машғуланд. Дар мавриди сари вақт дастрас гардидани нафақа, дар асоси шартномаи тарафайни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҳоло дар тамоми қаламрави шаҳри Кўлоб пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар баробари таҳлили рўйхати ном ба номи нафақагирон, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод мегардад, Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа маблағи дар талабот нишондодашударо ба таври фаврӣ ба бонки мазкур мегузаронад, ки ин маблағ бо таври автоматӣ ба ҳисобҳои кортии онҳо интиқол дода мешавад. Тавре қайд намудем, ягона сарчашмаи маблағгузории нафақа ва кўмакпулиҳо, ин андози иҷтимоӣ мебошад, ки масъулияти пардохти саривақтии он ба зиммаи ҳар як шаҳрванд ва ҷамъоварии он аз ўҳдадории асосии мақомоти андоз ба ҳисоб меравад, ки дар сурати ҷамъоварии пурра ва иҷроиши саривақтии андози иҷтимоӣ барои таъмини саривақтӣ ва зиёд намудани ҳаҷми нафақа ва кўмакпулиҳо имкониятҳои бештар муҳайё мегарданд. Сардори Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа: Раҷабалӣ Дамонов


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!