Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 04:06

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо 70 шиноснома

11 июл 2013, 10:14

Як шаҳрванди Тоҷикистон аз тарафи пулиси шаҳри Маскав боздошт гардидааст, ки аз ӯ беш аз 70 шиноснома дарёфт кардаанд.

Хабаргузории русии “Итар-Тасс” мегӯяд, пулиси шаҳри Маскав як муҳоҷири 40-солаи тоҷикро боздошт карда, ки бо худ 43 шиносномаи марбут ба атбои Тоҷикистону Узбакистонро доштааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, ҳангоми гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ аз хонаи ин шаҳрванди тоҷик боз 28 шиносномаи дигар, кортҳои холии муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳр аз ширкатҳои мухталифи масъулияташ маҳдуд ва 555 ҳазор рубли русию 1 ҳазору 700 доллар дарёфт кардаанд.

Манбаъ мегӯяд, барои гузаронидани корҳои тафтишотӣ ҳоло ҳуҷҷатҳо ба мақомоти тафтишотии шаҳри Маскав супорида шудаанд


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ягон чои таачубу ба хайрат омадан нест.Ангушти хайрони нагазед.Ин мухочири точикро кадоме аз "конкурент"хояш фурухта будааст.Ин чавонмарди точик хучраеро ичора гирифта,мухру сиккахо сохта кортхои мухочири ва номхои шартии хар гуна фирмахову корхонахоро гузошта аст.Яъне аз нуктаи назари юридики.бо таври примитиви(ноилочи),"шуъбаи ХФМ"(ОУФМС)ро ташкил карда,ёрихои "юридики" мерасонида аст.Пас ин кортхои махсуси типографии ракамдоршудаи махсусе,ки аз фурудгоххо дастрас мешаванд,корхои дастхои кихо мебошанд?.Пас он мухру сиккахое,ки ин "кахрамон" руи даст оварда аст,махсули кадом корхонаи махсуси мухру сиккабарори буда аст,ки аз ин на хуччатхои кайди онхоро пурсидаасту на шиносномаву мавкеи шахрвандии уро.Дар шахри Москва ва Тахти Москва(Подмосковье),мухочирони кори бо мушкилихои чои кайду гирифтани патенту ичозатномахои кори хамеша ру ба ру мешаванд.Кордехони Москва ва вилояти Москва руирост ба мухочирон мегуянд,ки патенту рухсатномахои кори пешкаш кунед,мархамат,чои кор мо ба шумо пешниход мекунем.Дар бораи патент,масъалахо оддитаранд.Агар мухочир худро бо таври хаккони дар сурогае худро ба кайди муввакати гузорад,гирифтани патент барояш осон мегардад.Агар хомкори кунаду каси дигар уро ба "кайди хаккони" монда бошаду сирраш назди шуъбахои назорати мухочири (ФМС) ошкор гардад,чарима сазовораш мегардад ё депортация.Рухсатномаи кори доштан боз хам мушкилтар аст.Кордеху корхонахои истехсоливу фирмахо ва чамъиятхои саххомии озоду махдуд,бояд тарики квотаи гирифтаи худ мухочиронро ба кор таъмин намоянд.Пас ба кавли русхо"Против лома нет приёма",ин чунин шахсон бо таври "чаправи"(левый),"против лома и есть лом" гуфта чунин "фирмахои юридики" месозанд.Яъне аз ноилочии дигарон.Солхои сол мухочирони кории Москва ва Подмосковье,аз чунин хиллахо хуб истифода бурда,ба чашми давлат хок пошиданд.Дар майдонхову гирду атрофи се вокзали шахри Москва:Ярославльский,Ленинградский ва Казанский,занхову мардони чавони мухочир аз Узбекистон,мисли муру малах,сайру гашт карда,ба мухочирону мехмонони омадагиву мерафтагии ин чойхо,ки намудхои шарки доранд,шиноснома,диплом,шаходатномаи ронандаги,патент,рухсатномаи кории яксола,кайдномаи муваккати,хатто кайдхои 3-солаи доираи Россия дошта(РВП)ва "Вид на жительство" дар кайди каламрави Россияро,ки мухлаташ 5-сол аст,пешниход мекунанд.Дар дохили метрохо,дар гузаргохову гузаришхо ва бозорхои шахри Москва низ,онхо ;"патент,разрешение,права,диплом,РВП,ВНЖ кимда керак,когазлар кимда керак" гуфта,бешармона амал мекунанд.Пас маълум мешавад,ки касони баландмартабаи ин шахри бузург онхоро зери каноти худ мегирад.Барои ин шахрванди Точикистон,чазои сахте пешниход намешавад.Мувофики моддаи 327-уми кодекси чиноии Россия,уро ба чарима мекашанд ё бо хукми суд бо мухлатхои шарти махкум мешавад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!