Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 21:16

Созиши Девонаев бо муфтӣ дар мавриди муҳоҷирон

11 июл 2013, 14:26

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз гароиши муҳоҷирон ба гуруҳҳои ифротгаро ва гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни муҳоҷирон бо Маркази исломии Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ имзо намудааст.

Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷират санади мазкур, ки аз ҷониби Сафиалло Девонаев ва Сайидмукаррам Абдуқодирзода имзо шудааст, ба роҳ мондани корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳиро байни муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба касбомӯзӣ, забономӯзӣ, донистани фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, пешгирии бемориҳои сирояткунанда, муҳоҷирати меҳнатии занон ва ноболиғон, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ватанпарастӣ ва эҳтиром ба марзу бум, инчунин омодагии пеш аз сафари корӣ ба хориҷа пешбинӣ намудааст.

Ҷонибҳо инчунин дар бораи ташкил намудани сафарҳои муштараки корӣ бо мақсади бурдани корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ва таҳлил намудани ҳолати будубоши муҳоҷирон дар хориҷа созиш намудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба фикри банда максад аз таъсиси Хадамоти мухочират дифоъ аз хукуки мухочирон ва расонидани кумакхои хукуки ба эшон буд. Акнун маълум шуд, ки Хадамоти мухочират хам чун кумитаи дину Шурои уламо ба масъалахои дахолат дорад, ки ба дарди мухочирон намехурад.
Дар айни замон хазору як мушкилихое вучуд дорад, ки мухочирони мо дар танхои онро пушти сар карда наметавонанд. Сад афсус, ки онхо дар симои давлат ва Хукумати Точикистон ва на дар симои Хадамоти мухочират хеч пуштибоне намебинанд. Хадамоти мухочиратро зарур аст, ки ба корхои бехуда машгул нашуда, аз паи дифоъи хукукхои накзшудаи эшон шавад. Дар Русия Сайидмукаррам Абдуқодирзодаро чун муллои давлати мешиносанд ва хар фатвое ки у медихаду хар насихате ки мекунад чун супориши ХХДТ ва Хукумати Точикистон кабул мекунанд.
Кумак кунед, ки онхо кор ёбанду хуччатгузорихояшонро дуруст кунед то депорт нашаванд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хадамоти мухочират агар ин маблагеро ки барои сафархои муфти чудо мекунад агар чун кумак ба баъзе оилахои мухочирони фавтида ва ё депортшуда мерасонид хубтар мешуд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!