Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:10

Пойгоҳи 201 дар феҳрасти 20 калонтарин пойгоҳҳои низомии ҷаҳон

12 июл 2013, 09:00

Рӯзномаи “The Telegraph”-и Британияи Кабир рӯйхати 20 пойгоҳи низомии калонтарини ҷаҳонро, ки абарқудратҳо дар берун аз қаламрави худ, ба истиснои Афғонистон доранд, нашр кардааст ва пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон низ ба он ворид гардидааст.

Пойгоҳи 201-ум бо 7 ҳазор низомӣ дар феҳрасти 20 калонтарин пойгоҳи низомии ҷаҳон ҷойи 19-умро соҳиб шудааст. Нашрия менависад, муҳлати ҳузури ин пойгоҳ дар қаламрави Тоҷикистон соли 2014-ум ба охир мерасад, аммо созишномаи нави имзонамудаи президентҳои Русия ва Тоҷикистон муҳлати будубоши низомиёни русро дар Тоҷикистон то соли 2042 тамдид мекунад.

Аз 20 пойгоҳи калонтарини низомӣ дар ҷаҳон 9 ададаш ба Британияи кабир, 7 адад ба Амрико, як адад ба Фаронса ва се тои дигараш ба Русия тааллуқ доранд, ки якеаш дар Тоҷикистон ҷойгир аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • SIDO

  • 13 июл 2013 11:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
DAR KHARITA FARONSA 2-TO AST KU
Посух додан
  • Garib

  • 22 июл 2013 11:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
СИДО, Вай 21-ум хисоб мехурад ба ин хотир хисоб накардагистан :)
Посух додан
  • Теквондо

  • 17 сентябр 2014 11:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин шармандаги хаст,боз доди сохибистиклоли мезанем!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!