Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:12

Барканории 8 корманди ТВ “Баҳористон” ва вокуниши Ганҷина

12 июл 2013, 11:03

Шабакаи телевизионии «Баҳористон» дар нимсолаи аввали соли равон 8 корманди худро аз вазифа озод намудааст.

Зевар Давлатова, директори телевизиони мазкур имрӯз, 12-уми июл, дар нишасти матбуотии Кумитаи телевизони ва радио гуфт, кормандонашро барои риоя накардани тартибу низоми корӣ аз кор сабукдӯш кард. Вай иброз дошт, "тартибу низом дар ниҳодҳои давлатӣ ба ҳамагон маълум аст ва бемасъулиятӣ боиси сабукдӯшӣ аз вазифа мешавад."

Ин дар ҳолест, ки Ганҷина Собирова, корманди шуъбаи танзими барномаҳои телевизиони «Баҳористон», гуфтаҳои Зевар Давлатова, директори телевизиони мазкурро, рад намуд. Хонум Собирова 12 июл дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, Зевар Давлатова ӯ ва 7 нафар ҳамкоронашро аз кор озод накардааст, балки онҳоро таҳти фишор қарор додааст, то маҷбуран аризаҳои худро нависанду аз кор бароянд.

Ганҷина Собирова гуфт, “дар шуъбаи мо нафарони бемасъулият набуд, ҳар нафаре, ки дар ин шуъба кор мекард, кори худро бо тамоми нозукиҳояш анҷом медод. Ростӣ, намедонам, чаро ӯ нисбат ба мо чунин гуфтааст.”

Бояд зикр намуд, «Баҳористон» ягона телевизиони кӯдаконае мебошад, ки дар сартосари кишвар дар бораи ҳаёти кӯдакон барнома пахш мекунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
узнайте из етих восьми человек кто где родился тут дело географиии наверно
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зевар Давлатова оё хабар дошта бошад, ки оё ин нафарони пешкардааш дар хакикат низомро вайрон карда буданд ва ё у нахоста, ки он чо фаъолият кунанд. Як хамкурси ман тули 8 мох хамчун коромуз бе гирифтани маош ё хакки калам он чо фаъолият кард, вале окибат бо чурми кадом корманди ин шабака ки гуё барои омода кардани сужаи барномаи хабари маблаг талаб кардааст уро, ки гунох надошт, аз кор ронданд.
Посух додан
  • равоншинос

  • 12 июл 2013 19:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ранг бину, хол пурс.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
фаридун ман ба фикри шумо рози нестам.шояд хато фахмидед шумо ва боз ман дар он 8 нафар хам дохил нестам. Бехтарин мухит ва шароити хуб барои ман мухаё буд, рохбарият низ муносибати хуб доштан бо ман. Аммо ин аз камтачрибагии ман буд ки базе кормандон катори бо ман бози карданд. рохбарият бо ман муомилаи хуб доштан ва холо хам хуб аст. ин он маноро надорад ки бо рафтан аз кор бо онхо муомилаи хуб надошта бошам. Доимо
эхтиромашон мекунам чун ки то андозае коро дар ончо аз худ кардам.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Журналистон аз кор одатан намераванд, онхо рохбарони шабакахои телевизиониро тарк мегуянд. Вокеан, аз кор барканор шудани корманд нишони ифтихори рохбар не, балки исботи бади ва нотавонбинии уст. ташаккур аз муаллиф.
Посух додан
  • мухаррири твб

  • 13 июл 2013 12:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ман шахсан мефахрам,ки имруз чунин як рохбари дар касби худ мустахкам ва дастгири коргаронаш мебошад фаъолият дорам. шахсони мехнат дуст ва професеонализмро ягон рохбар аз кор намеронад. хар хотогихое,ки мешавад бахшиданист вале на хардаъфа, чун,ки баъзе нафарон аз гирифтани бехтарин маош ва шароит дар ТВБ аз худ рафтан . агар шахси наздиктаринатон мебуд ба чои рохбари имрузаи ТВБ ин 8-нафарро наин,ки бо аризаи (бо хохиши худам меравам) бал,ки (статия кати аз кор меронд шуморо).
Посух додан
  • Манижа

  • 24 сентябр 2013 00:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бахористон танхо баъди сарвари он интихоб шудани Зевар Давлатова "Бахористон" шуд, мутахассиси хубро ба хеч вачх касе аз кор намеронад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!