Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:58

Дар шаҳри Хуҷанд 2 корхона умуман фаъолият накардаанд

19 июл 2011, 10:05

Натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Хуҷанд дар нимсолаи аввали соли 2011 асосан қаноатбахш эълом шуданд.


Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар маҷмӯъ нишондиҳандаҳои бахшҳои саноат, сохтмон, алоқа, нақлиёт, савдо, хизматрасонии маишӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта бартарӣ доранд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 19,6 фоиз афзоиш ёфта бошад,  нишондиҳандаҳои соҳаи сохтмон 6,2 маротиба, ҳаҷми боркашонӣ 15,5 фоиз, мусофиркашонӣ 0,2 фоиз, савдо 7,6 фоиз, хизматрасонии маишӣ 17,3 фоиз боло рафтанд. Муомилоти савдои беруна 125,1 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки назар ба нимсолаи аввали соли 2010-ум  18,3 фоиз изофа аст.
Новобаста ба муваффақиятҳои ба дастоварда захираю имкониятҳои истифоданашуда ҳанӯз зиёданд. Аз 46 корхонаи саноатӣ 9 корхона назар ба ҳамин давраи соли 2010-ум ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам кард. Ин маҳсулоти баризофа ба андозаи 1,9 миллон сомонӣ аст, ки ба иқтисодиёти шаҳр ворид нагардид. 2 корхона бошад, умуман  кор накард.  
Давоми шаш моҳи соли 2011-ум дар шаҳр ҳамагӣ 386 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати нишондиҳандаи нимсолаи аввали соли 2010-ум 8,3 фоиз кам мебошад. Ҳодисаҳои дуздии амволи ғайр 38,2 фоиз, куштор ва қасди куштор 25,0 фоиз, таҷовуз ба номус 50 фоиз кам шудаву ошкоркунии ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 2,6 фоиз изофа шуда бошанд, пас ҷиноятҳои вазнин 9,1 фоиз, қаллобӣ 13,0 фоиз,  тамаъҷӯӣ 2 адад ё 2 баробар афзудаанд. 14 ҳодисаҳои худкушӣ ва қасди худкушӣ ба амал омадааст, ки ин назар ҳамин давраи соли гузашта 56,5 фоиз кам мебошад.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!