Раиси “Амонатбонк” гуфт, "қумандон"-ҳои Бадахшон нисфи қарзашонро надодаанд
Додситонӣ барои пардохт накардани қарзи “Амонатбонк” алайҳи "қумандон"-ҳои собиқи Бадахшон, Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст.
Гулнора Ҳасанова, раиси Бонки давлатии «Амонатбонк», имрӯз, 15-уми июл, зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, то кунун Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов, собиқ фармондеҳони мухолифин дар Бадахшон нисфи қарзҳояшонро барнагардондаанд: "Айни ҳол аз рӯи ин қазия додситонӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст ва дигар ин масъала аз мо вобаста нест."
Қаблан Гулнора Ҳасанова изҳор дошт, ин афрод, яъне Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов, қарзро барои фаъолиятҳои соҳибкорӣ дар соли 2008 ва 2010 дарёфт карда буданд.
Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон, моҳи сентябри соли 2012, зимни сафараш ба Бадахшон таъкид намуд, ки Ёдгор Мамадасламов ва Толиб Айёмбеков ҳар чӣ зудтар қарзашонро ба «Амонатбонк» баргардонанд.
Эмомалӣ Раҳмон, зимни мулоқот бо сокинони вилояти Бадахшон дар шаҳри Хоруғ дар моҳи сентябри соли гузашта ҳаҷми қарзи Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламовро бо назардошти фоизҳо 1 миллиону 265 ҳазор сомонӣ арзёбӣ карда буд. Раисиҷумҳур он замон иқрор кард, ки қарзҳои бонкӣ ба фармондеҳони мухолифин бо дастури худаш ироа гардидаанд: “Дастур дода будам, ки дар соли 2008 ба бархе аз кормандони ниҳодҳои қудратӣ қарзҳо диҳанд, то зиндагиашонро пеш баранд. Масалан, “Амонатбонк” ба хоҳари Ёдгор қарз дода, аммо 700 ҳазор сомонӣ баргардонда нашудаст. Абдураҳмонов, фарзанди Айёмбеков, 560 ҳазор сомонӣ қарзро барнагардондааст.”
Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов дар баробари Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва Имомназар Имомназаров, аз чор қумандони маҳаллии Бадахшон маҳсуб меёбанд, ки тобистони соли гузашта додситонӣ онҳоро қочоқи маводи мухаддир, сангҳои гаронбаҳо ва қочоқи духтарон ва барои саркашӣ аз пардохти қарзҳои бонкӣ муттаҳам карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |