Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:52

157 теннисбоз аз Э.Раҳмон раҳоии З.Саидовро хостанд

16 июл 2013, 14:58

Ҳудуди 157 теннисбози Тоҷикистон бо пахши як муроҷиатнома аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хостаанд, ба шарофати моҳи Рамазон ба қазияи Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи кишвар дахолат кунаду барои ҳалли мусбати он мусоидат намояд.

Варзишгарон менависанд, аз моҳи феврали соли 2009, ки раисии Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон ба дӯши Зайд Саидов афтод, рушду дастгириҳои ин намуди варзиш самти дигари тоза ёфт: “Аксарияти моро аз ҷиҳати моддию молиявӣ дастгирӣ мекарду стипендияи ҳармоҳа медод, дар ҳама мусобиқаҳои байналхалқиву дунёӣ аз ҳисоби худаш иштирокамонро таъмин мекард, ки ин маблағҳои андакро ташкил намекарданд. Агар ӯ намебуд, шояд мо ба чунин пояҳои варзишӣ намерасидем, аз шаъну шарафи варзиши миллиямон дар арсаҳои гуногун наметавонистем дар ин сатҳ дифоъ кунем.”

Теннисбозони тоҷик таъкид намудаанд, баъд аз боздошти Зайд Саидов толору машқгоҳи онҳоро бӯи ноумедӣ фаро гирифтааст: “Машқ ҳам кунем, таҳи диламон сард аст, дилгармона ва чун давраи пешин бо ҳавас корамон пеш нарафта истодааст. Гапу калоча ва овозаҳои ҳархела умедамонро канда истодааст.”

Дар хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон теннисбозони тоҷик таъкид кардаанд, ки умед доранд, "аз сиёсати некбинонаю пуртараҳҳуму бахшоянда кор гирифта, барои ҳалли мусбати қазияи Зайд Саидов мусоидат хоҳад кард".

Ин муроҷиатномаро чемпионҳои чандинкаратаи Тоҷикистон -- Сомони Ҳусейн, З. Сайдалимова, И. Саидов, Сумайяи Амирӣ, С. Исмоилов, А. Маҳмудов, И. Екатерина, А. Қориева ва ҷамъ - 157 нафар имзо намудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Дарё

  • 16 июл 2013 15:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби оли! ман хам хамрохи хамин нафарон хохиш мекунам Акай Зайда чавоб те, акалан шартан чавобаш те аз точикистон берун набароя!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам зиёиёни ба нангу ноиус ва огох аз ин тенисбозон ибрат бигиред. Масалаи хабси ин сохибкор казичи шахсии у набуда, масалаи умумимиллист. Ин доги миллат ва Харобшавии хам як гурух шахрвандони чомеа мебошад. Мо хам як гурух точикони русия ба ин мурочиатнома хамрох мешавем. Бани одам яъзои якдигаранд!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!