Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:07

Ректори Донишгоҳи Хуҷанд: Айби Ҷаннат Усмонова пурра собит нашудааст

16 июл 2013, 17:53

Ғафурҷон Усмонов, раиси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, мегӯяд, гунаҳкории Ҷаннат Усмонова, раҳбари факултаи забон ва адабиёти руси Коллеҷи омӯзгории ин донишгоҳ дар мавриди ришвагирӣ пурра собит нашудааст. Вай рӯзи 16-уми июл дар нишасти хабарии худ гуфт, “ҳатто дар пул изи панҷаи муаллима набудааст”.

Оқои Усмонов афзуд, “шахсан чандин бор бо директори Коллеҷ Тоҳирова дар ин бора суҳбат кардам. Ба қавли муаллима Тоҳирова як зан се-чаҳор рӯз пештар ба назди Усмонова барои машварат меояд. Баъд як канвертеро дода ва гуфтааст, ки ин ҳамон ҳуҷҷатҳое, ки Шумо гуфта будед. Муаллима саросема ба куҷое рафтанӣ будаанд, ки канвертро ба котибаашон дода, ба вай зан мегӯянд, то ман омадан, агар вақт дошта бошед истед. Пас аз чанд дақиқа муаллима меоянд, ки дар утоқашон кормандони мақомоти қудратӣ нишастаанд.”

Маъмурони Оҷонси зидди фасоди Тоҷикистон рӯзи 25-уми июни соли ҷорӣ Ҷаннат Усмонова, устоди Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷандро “бо аломатҳои гирифтани пора ба маблағи 250 доллар”, боздошт ва бозпурсӣ карда буданд. Устоди 64-сола баъд аз ду рӯзи он аз манзили худ баромада, дигар барнагашт. Танҳо рӯзи 29-уми июн ҷасади Усмонова дар ҳудуди ноҳияи Спитамен, аз назди соҳили дарёи Сир, пайдо шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • чабрдида

  • 17 июл 2013 10:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дод аз дасти паставахои агенти
Посух додан
  • озод

  • 17 июл 2013 11:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Маълум, ки фасодчиен фишораш овардаанд. Худо рахмат кунад , ин занро гумон мекунам ки вичдонаш ин пастиро набардошт. Ин саркарадагон сари бисер бегунохонро мехуранд. Худо занад инхоро ки бо 700-хайр ина зиеди зиед бошад 1500 маош метавонанд, хонахои ду се ошена, мошин , зани дуюм ва боз намедонам чанд маъшука дошта бошанд. Поставка мекуанд, пул меситонанд. Ин фасодон хамаро худшон фасодзада кардаанд. Агар хама хамин хел хомуш шинем пагох аз ин бадтар мешавад.Ба худо табодулот мехохам.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаннат усмоноваро бояд паставит кунанд.....
Аз хама корупционери вахши дар сохаи маориф ин АБДУЧАББОР РАХМОНОВ буд ва мебошад..... Барои дастгир кардана вай аст...
Посух додан
  • комрон

  • 17 июл 2013 12:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
инҳо ба ҷуз омузгор дигар киро медоштабоанд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба хеч кас пушида нест, ки фасодкорони ашадди худ очонсии зидди фасодро фаро гирифтаанд. Эй мардуми хушёр чони як устоде, ки умри азизи худро зиёда аз 40 сол сарфи таълиму тарбия кардааст, арзонтар аз 250 доллар аст. Одами бохаё ба ин кор даст намезанад. Аз шарму хаё муаллима худро ба об афкандааст. Ба чои боздошт кардани муаллимони бечора, ки маоши ночиз доранду барои конеъ сохтани оддитарин талаботхои инсони пул надоранд, онхоеро боздошт кунед,ки сохиби мансабхои калонанад ва хар руз даста-даста пора гирифта, каср пушида истодаанду, аллакай барои кудакони дар гахвора будаашон хам хавливу мошин, тиллову бриллиант харидаанд. Ё кувваи очонсии зиддифасод барои онхо намерасад. Марги муаллима, хуни у бар гардани фасодкорони очонсии зиддифасод аст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!