Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:31

Оҷонсии сохтмон кори ширкати марбут ба З.Саидовро месанҷад

17 июл 2013, 11:51

Гуруҳи кории Оҷонсии сохтмон ва меъмории Тоҷикистон ҳаҷм ва сифати корҳои анҷомдодаи ширкати “Тоҷсохтмон байналмилал”-ро, ки ба Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик марбут аст, тафтиш мекунад.

Дар ин бора Абдувалӣ Комилов -- директори Оҷонсии сохтмон ва меъморӣ рӯзи 17-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ, хабар дода афзуд, айни ҳол санҷиш давом дорад ва маълумоти муфассал баъд аз анҷоми он пешниҳод хоҳад шуд.

Комилов таъкид намуд, аз ҳама камбудии маъмулӣ дар фаъолияти ширкатҳои сохтмонии Тоҷикистон ин изофанависӣ аст. Ба иттилои ӯ, ширкатҳои сохтмонии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон дар ҳаҷми 2 миллион сомонӣ изофанависӣ кардаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтааст.

Комилов гуфт, дар мавриди сифати кори ширкатҳои сохтмонӣ низ камбудиҳо ҷой доранд ва дар 6 моҳи аввали соли равон вобаста ба камбудиҳо дар сифати кори ширкатҳо беш аз 200 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • у

  • 17 июл 2013 12:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Изофанависи мекунанд барои он ки ба тафтишкунандахо доляаашонро диханд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тамоми сохторои давлати аз чумла Очонсии сохтмон супориш гирифтанд, ки бояд камбудихои чидди дар кори Зайд саидов ёбанд. Новобаста ба он ки ин бино кайхо расман кабул шудаасту кабулкунанда эътирозе надорад вале чун парванда сиёси аст, хатман камбуди хам меёбанд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!