Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:32

Заминларза дар Тоҷикистон як кушта бар ҷой гузошт

20 июл 2011, 06:37

Абдулло Ашрапов, як сокини 43- солаи шаҳри Хуҷанд, ки дар маҳаллаи  ба номи Камоли Хуҷандӣ 121 истиқомат мекард, бар асари заминларза аз манзили зисташ, ки  иборат аз дуошёна будааст,  ба замин сарозер шуда фавтидаст.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон»  аз идораи ёрии таъҷилии тиббии  шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд. Галина Умарова сардухтури ин муассиса гуфт, Ашрапов  замоне ба ҳалокат расидааст, ки ба асари заминлазари шадиди шаби 19- ум дар ҳолати хоболудӣ худро аз ошёнаи 2-юми манзилаш ба берун ҳаво додааст ва дар паи осеби шадиди сар дар ҷои ҳодиса ҷон супурдааст.
Ба иттилоъи манбаъ, танҳо шаби гузашта, 6-ҳодисаи муроҷиати шаҳрвандон ба унвони ин идора ба қайд гирифта шудааст, ки умдатан сокинон аз ҳароси ин ходиса муроҷиат кардаанд.
Маврид ба ёдоварист, тахминан соати 00:35 дақиқаи шаби 19-ум заминларзае ба вуқӯъ пайваст,  ки  сокинони зиёди Точикистонро нороҳат кард. Расонаҳои хабарӣ маркази ин заминларзаро  водии Фаргонаи Осиёи Марказӣ ва  қувваи  онро ба 6, 2 балл аз рӯи ҷадвали Рихтер шарҳ додаанд. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!