Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 22:58

Видеои шаҳритусиҳо алайҳи Додоҷони Атовуллоҳ дар YouTube

18 июл 2013, 09:30

Дар шабакаи Ютюб силсилаи наворҳои кӯтоҳи видеоие нашр шудаанд, ки дар он аз Эмомалӣ Раҳмон ситоиш ва аз Додоҷони Аттовуллоҳ интиқод мешавад.

Дар ҳар яке аз ин видеоҳо якнафарӣ сухан карда, оқои Аттовуллоҳро барои анҷом додани хизмати бегонаҳо муттаҳам ва аксар ӯро хоини миллат меноманд.

Як қисмати бузурги ин наворҳо бо номи «н. Шаҳритус муқобили хоини миллат Додоҷон Аттовуллоев» аз сӯйи корбаре, ки ҳамчун «Shahrituz» сабт шудааст, гузошта шудаанд. Дар яке аз ин наворҳо як духтари наврас мегӯяд, баъди тамошои «барномаи иғвогарӣ»-и Додоҷони Аттовуллоҳ аз шабакаи «К+» ба хулосае омадааст, ки «ӯ нисбати давлати мо, нисбат ба президенти мо хусуматгар аст».

«Мо ҷавонон намегузорем, ки ӯ нисбати давлати мо ва нисбати президенти мо хусумат орад, чунки Ҷаноби олии мо муддати 21 сол аст, ки ба давлат озодиро овард, сулҳро овард, давлати моро тинҷ намуд ва Додоҷон Аттовуллоев ба шумо гуфтанӣ ҳастам, ки шумо нисбати давлати мо хусумат карда истодаед ва шумо хоин ҳастед»,-меафзояд ӯ.

Дар як навори дигар марде зоҳир шуда ва мегӯяд, «Додоҷон Аттовуллоев бас будагист. Суханҳои шумо дилбазан шудаанд. Бо ҳамин восита худатонро «машҳур» карданӣ ҳастед.»

Ва марди солманде дар навори дигар Додоҷони Аттовуллоҳро бемор меномад: «Додоҷон Аттовуллоев пеш аз он ки ту Тоҷикистонро муҳокима кунӣ, бояд худатро табобат кунӣ, ту бемор ҳастӣ. Туро, ки ҳақ додааст, ки Ҷаноби олиро, мамлакати моро муҳокима кунӣ? Солҳои 92 куҷо будӣ, бародар? Вақте ки Ҷаноби олӣ ҷони худро ба хатар гузошта, мардумро сарҷамъ карда, мамлакатро пеш бурд». Дар идома ӯ меафзояд, «ин тараққиёте, ки мо кардем ба фикрам барои ту зарар дорад. Ту намехоҳӣ, ки тоҷикон ва миллату давлати тоҷик обод бошад. Ту мехоҳӣ, ки миллати тоҷик нест шавад. Давлати тоҷикон нобуд шавад. Ин фикрат хато аст, бародар.»

Як ҷавони дигар мегӯяд: «Мо ҷавонони ноҳияи Шаҳритус барномаи ҳангомаҷӯёнаи Додоҷони Аттовуллоҳро тамошо карда, сахт ба ғазаб омадем. Итминони комил дорам, ки Додоҷони Аттовуллоҳ барои душманони миллати тоҷик хизмат карда истодааст. Ва ба Додоҷон Аттовуллоев гуфтаниям, шумо бо туҳмату буҳтонҳоятон меҳри моро аз президенти мамлакат ва Тоҷикистони биҳиштосоямон кам карда наметавонед. Додоҷон Аттовуллоев шумо туҳматчӣ ва иғвогаред. Шарм доред.”

Ҳамин тариқ дар наворҳои дигар, ки 20 тоанд, ҷавонон, занҳо ва мардони солманд Додоҷони Аттовуллоҳро танқид мекунанд. Зоҳиран ҳамаи ин наворҳо дар як маҳал, дохили кадом як боғ сабт шудаанд. Зимнан, бо унвони «ҷавобҳо» низ чанд навор дар Ютюб ҳаст, ки дар он зидди Додоҷони Аттовуллоҳ андешаронӣ мешавад.

Зоҳиран, ин наворҳо баъди аввалин барномаҳои Додоҷони Аттовуллоҳ, рӯзноманигор ва раҳбари ҳаракати сиёсии «Ватандор» дар шабакаи телевизионии «К+» таҳия шудаанд. Яке аз аввалин барномаҳои васеи ӯ шарҳи тӯи Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳури Тоҷикистон буд. Ин барнома, ки дар Тоҷикистон ба вокунишҳои зиёд рӯбарӯ шуд, ба дунбол масдудияти сомона ва телевизиони «К+» дар моҳвораро дошт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ВАХДАТ

  • 18 июл 2013 09:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Албатта додочон дар хизмати узбекистон аст,вале сокинони Шахритус,инро на аз руи садокат ба Ватан,балки руяки иброз доштанд.Дар Озодагон озод бояд баен кард!
Посух додан
  • ыфаааф

  • 18 июл 2013 09:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шахритус хамааш кунгуроту лакаянд. Хар чи гуптан мегиранд.
Посух додан
  • Дарвеш

  • 18 июл 2013 10:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хар кас метавонад ,назари худашро баён намояд. Лекин ман хамчун як шахрванди Точикистон гуфтаниям,ки дар Точикистн адолат ва хакикат нест.
Зиндагии мардум руз то руз ба поин рафта истодааст. Камбудихое, ки чомеаи моро фаро гирифтааст,ин пеш аз хама
а)ришваситони дар хамаи макомотхои давлати
б)ноадолатии додгоххо ва додситонхо
в)бекории кисми зиёди мардум ва ба мухочирати кори ру овардани онхо
г)бебарки дар зимистони сард
д)хешутаборбози ва махаллачиги
е)парлумони карахт
ё)интихоботхои ношафоф ва гайридемократи
ж)набудани озодии баён
з)роххои пулаки ва набудани роххои алтернативи
и)андоз(налог) ва фоизхои баланди бонки барои сохибкорон
к)шиканча дар муассисахои ислохоти
л)музди мехнат ва нафакаи нокифоя, барои зиндаги
м)монополия кардани навъхои сохибкори аз тарафи шахсони алохидаи наздик, ба мансабдорон ва г.х .

Агар ин проблемахое,ки дар боло кайд шудаанд, бартараф карда шаванд, Точикистон ба яке аз давлатхои пуриктидор,хукукбунёд ва дар хакикат демократи табдил меёбад.
Посух додан
  • Асадбек

  • 18 июл 2013 10:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э кучои хами точикистонат бихиштай?????????? КУчояш таракки ёфтай-ааа??? angry Вичдон хаст-ми? Кор мекунад-ми? Вичдонатонро бо ду пули пучак фурухтеддддд!!!!!!!!!!!!!Ман ин чизро ДИДАМ,МУШОХИДА КАРДАМ!!! Озодагон садсолахо озоду обод боши.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Рост меген" солхои 90ум нонхарида мемурде ай интизорира холо чи??? Аз пиедагаштара рагои початон канда буд холо чи??? Забони точикимона фаромуш карда истода буден холо чи??? Фарханги точикира аз даст дода будед холо чи ??? Аз ссср берун баромадан наметонистен холо чи??? Кур мешавен агар акалан хаминора фаромуш кунен!!!!!
Ман намепурсам, ки Ватан бар ман чи дод??!!
Ман мепурсам, ки бар Ватан чи додаам!!!!! (Мирзо Файзали)
Дустони азиз пеш аз оне, ки аз Ватан чи интизор буданатонро менависед чи кори хуб ба ин Ватани бихиштосоямон кардаатонро низ нависед! Баъдан суханхои шумо шояд асоснок хисобида шавад!!! Бо эхтироми зиед точикбачаи дустдори Миллату давлати Точикистон
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар Сухане Шуморо ранчонида бошад аввалан узр соният панохатон ба Худованд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар Атавулоев мард бошад ба Точикистон биёя ва аз наздик ру ба ру ба ватандорони вокеи сухан гуяд. Аксари ахолии кишвар ба руяш туф намуда хоин мехонандаш. Аз назди камера сухан гуфтан бо иштироки хочагонро хама ватанфуруш метавонад. Хохони онем ки ин хакикатро у дарк намуда аз кардааш тавба мекунад вагарна хоки Точикистон уро кабул накарда мисли саг дар гариби дафн хохад шуд ва нафаре ефт нахохад гардид, ки дар сари кабраш як каф дуо бардорад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
асадбек!!ту устои барои мухокима кардан ба худат савол те ки барои ватанат чи кардаи факат танкида медони
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инхоро хамаашонро КУМИТАИ АМНИЯТИ МИЛЛИ ташкил кардааст.
МЕБАХШЕД ИН ВИДЕОХОРО БОВАР НАКУНЕД...
Посух додан
  • Точики асил

  • 18 июл 2013 14:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Маха,
Маха аклу заковат надори,фаросат низ.Ба фикри беморонаи ту бояд ХАЁТ дар як чо истад?Солхои 90 чанг буд, ин чанг аллакай 20 сол аст,ки тамом шудааст.Дигар давлатхои дунё даххо маротиба ба пеш рафтаанд,лекин ЧТ холо окибмондатарин давлат аст.Дар чанги Точикистон то он дарачае зарар нарасида буд,ки акнун сад сол бахонаи окибмонии мо точикон шаад.Дар Молдавия чанг шуда буд,дар Карабах чанги аз ин хам хунин шуда буд, вале холо он давлатхо хама аз ЧТ пешрафта шуда тамоми мардумаш ба мисли точикон дар мухчират нест.Аз руи проценти ахолии дар мухочират буда Точикистон дар дунё дар чои аввал меистад.Дар СССР калимаи точик бо калимаи гастарбайтер синоним набуд.Шумо бесаодони хукумати мисли тути як чизро такрор мекунед.Хар як ШАХРВАНДИ точик,ки мухочир асту дар гариби пул кор карда ба ЧТ гусел мекунад аллакай кахрамони миллат асту аз мансабдорони дузду горатгар ва харомхури хукумати Рахмон садхо маротиба барои миллату барои ВАТАН хизмати зиёд кардааст.Ба фикри шумо харомхурон дар ЧТ истода мансаберо ишгол карда аз мардуми худ пораву ришва гирифтан,бучаро дуздидан,корхонахои давлатиро бо пули ночиз хусуси кардаву шохона зиндаги кардан,ба мардуми худ 500 сомони раво дидан,хамин аст ХИЗМАТИ ШУМО ХАРОМХУРОН БАРОИ ВАТАН?Шумо ватандорони забони,дар асл хоинони миллатед,ки мардумро фиреб дода,аз хисоби мардум зиндагии шохона доред.Шумо ватандорони забони пораи Ватани моро ба Хитиой фурухтед,ин ватандории шумо хама дар забони шумост.вагарна агар заррае вичдону ору номус ва нанги милли медоштед мардуми худро ба ин холати гиряовар оварда намерасондеду магз магзи макмоти давлатиро фасодзада намекардед.Дар бораи пиёдаравию зиёдии мошин магар хукумати Рахмон даст дорад?о ба ин 500 сомони чанд сол инсон бояд ягон чиз нахурдау напушида чам кунад,ки як мошини кухнаи хоричи гирад?вай калла аст ё давоми гардан?ин хама хунбахои миллати точик дар Руссия аст,барои ин мошинхо кариб хар руз точикеро дар Руссия мекушанду ин хукумати фасодзадаро парвое нест.Пеш аз он,ки ба мардум суоли "чи карди ба Механи худ,аввал ба худ чунин суол дех"!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
МАХА.!
МЕДОНИ БАРОИ ЧИ ХОЗИР НАМУРДА ИСТОДАЕМ АЗ ГУРУСНАГИРО БЛАГОДАРЯ РАСИЯРО, КИ 70% МИЛЛАТИ ТОЧИК ХУНИ ДИЛ ХУРДА ИСТОДААСТ. ЧАШМОТА КАЛОН КУШОДА БИН АЗ ХАР ЯК ХОНА ТО СЕ ЧОР НАФАРА ДАР РУСИЯ КОР МЕКУНАНД.
Посух додан
  • Мехмон

  • 18 июл 2013 20:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хоинони миллат нафаронеанд, ки замини Ватан ба бегонагон фурухта, миллатро дастнигар ва бардаи рус карор доданд. Ин нафарони дар наворхо зохиршуда гуломони хукумати фасодзадаанд. "Доброволсо"-и Шахритус микрофонбадаст шуданд.Худо окибаташро хайр гардонад ва онхоро хидоят кунад, то ки сиёхро СИЁХ ва сафедро САФЕД гуфта тавонанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э неки шумо хам ба хуму Атавулла чакка шуде да.О вай пассажири самалети прага москва буд.Хай вай хам Масква омад,документхояш чатток буд,боз баргашта рафт.Бечора мумкин пеши ягон хешу табораш барои пул омада буд,ми.Э ика мегум ошна тажико ба вай часпидеде.
Посух додан
  • salim

  • 19 август 2013 10:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
salom tu ki hak dod ki az nomi chavonon sukhan kuni man yak chavon meguzoram ki u hamin hukumati zolimro raburda kuna

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!