Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:53

Як мақоми ВКД-и Италия дар пайи қазияи депорти оилаи Мухтор Аблязов истеъфо дод

18 июл 2013, 11:00

Дар пайи қазияи депорти ҳамсар ва духтари сиёсатмадори қазоқ Мухтор Аблязов дар Италия моҷарои бузурги сиёсие бархостааст, хабар медиҳад бахши русии Бӣ-бӣ-сӣ.

Жузеппе Прокаччини, сардори дафтардории Вазорати умури дохилаи ин кишвар баъди он ки гуфта шуд, қабл аз депорт шудани хонаводаи Аблязов бо намояндаҳои сафорати Қазоқистон мулоқот кардааст, ба истеъфо рафт. Гуфта мешавад, истеъфои ӯ ба суботи эътилофи ҳокими Италия латма хоҳад зад.

Анжелино Алфано, вазири умури дохилии Италия қарор аст, рӯзи ҷумъаи 19-уми июл дар робита ба ин қазия назди сенат ҳисобот бидиҳад. Сенат масъалаи нобоварӣ нисбат ба ӯро баррасӣ хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, моҳи майи соли равон Алма Шалабаева, завҷаи раҳбари собиқи БТА-Бонк ва духтари шашсолааш дар пайи рейди шабонаи пулис дар атрофи Рим, аз дохили виллаи ӯ боздошт шуданд. Баъдан, онҳоро дар тайёраи шахсӣ нишонда, бо роҳбаладии дипломатҳои қазоқ ба Қазоқистон мунтақил карданд. Сафири Қазоқистон ба Вазорати умури хориҷии Италия даъват шуд ва аз ӯ шарҳи ин масъаларо талаб карданд.

Анжелино Алфано, вазири умури дохилии Италия, ки шомили ҳизби Силвио Берлускони аст, рӯзи сешанбе дар парлумон гуфт, аз фаъолияти пулис нисбат ба хонаводаи Аблязов чизе намедонист. Аҳзоби мухолиф дар робита ба ин қазия истеъфои ӯро талаб доранд.

Amnesty International, созмони дифоъ аз ҳуқуқ аз фаъолияти пулиси Италия интиқод кардааст. “Мақомоти Италия бояд баргузории як таҳқиқоти комили ин қазияро дар самти нақзи ҳуқуқи инсон таъмин намоянд. Танҳо дар ин сурат ҳамаи баҳсҳо атрофи гуфтушуниди мақомоти Италия ва Қазоқистон роҷеъ ба ин масъала метавонад бардошта шавад”,-гуфтааст Ҷон Далхойзен, директори барномаи Amnesty International дар умури кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ.

Мухтор Аблязов, мухолифи ҳукумати Қазоқистон ва собиқ домоди раисиҷумҳури ин кишвар Нурсултон Назарбоев мебошад. Ӯ паноҳандагии сиёсии Британияи Кабирро соҳиб аст. Аблязов дар Қазоқистон ба тақаллубкории иқтисодӣ дар ҳаҷми 5 миллиард доллар муттаҳам дониста мешавад. Моҳи феврали соли 2012 додгоҳи олии Лондон Аблязовро ба 22 моҳи ҳабси пешакӣ маҳкум кард ва ҳанӯз ҳукми ниҳоии ӯ хонда нашудааст. Мухтор Аблязов иттиҳомот алайҳи худро рад намуда, гуфтааст, онҳо ангезаҳои сиёсӣ доранд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!