Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:19

Қирғизистон реэкспорти сӯзишвориро ба Тоҷикистон манъ кард

18 июл 2013, 14:24

Ҳукумати Қирғизистон содироти сӯзишвориро аз қаламрави ин кишвар ба Тоҷикистон барои як соли оянда манъ кардааст. Сомонаҳои расмии қирғизӣ мақсад аз ин қарори ҳукуматро ҷилавгирӣ аз болоравии нарх ва таъмини фаровонӣ дар бозори дохилии Қирғизистон мегӯянд.

Ин дар ҳолест, ки Неъмат Раҳматов, муовини аввали раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, Қирғизистон аз рӯи ҳаҷми воридоти сӯзишворӣ ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба ҷои якум баромад. Бо вуруди беш аз 74 ҳазор тонна сӯзишворӣ ҳиссаи Қирғизистон дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон ба 41 дарсад наздик шудааст, ки ҳатто аз сӯзишвории аз Русия воридшуда зиёдтар мебошад. Раҳматов ин ҳолатро ташреҳ дод, ки сӯзишвории Русия, ки ба Қирғизистон бе пардохти боҷи содиротӣ ворид мешавад, нархи арзон дорад ва он ба Тоҷикистон реэкспорт мегардад.

Дар ҳамин ҳол таҳлилгарон мегӯянд, баъди манъи воридоти сӯзишворӣ аз Қирғизистон эҳтимоли болоравии нарх ва зуҳури камбуди мол дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон ба миён меояд. Аз ҷониби дигар интизор меравад, ки дар пайи ин қарори мақомоти қирғиз воридоти қочоқии маводи сӯхт аз Қирғизистон ба Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!