Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:49

Раҳматов: Бе пардохти боҷ таҷҳизоти телевизиони форсизабононро раҳо намекунем

18 июл 2013, 17:04

Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, то боҷи гумрукии таҷҳизот барои телевизиони муштараки форсизабонон пардохт нашавад, ин ниҳод иҷозати вуруди онҳоро ба Тоҷикистон нахоҳад дод.

Неъмат Раҳматов, муовини аввали раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, ин талабот дар доираи қонунгузории кишвар мебошад: “Дилхоҳ моле, ки тавасути сарҳади гумрукии Тоҷикистон ворид мешавад, мавриди андозбандӣ сурат мегирад. Ба шарте агар тибқи қонунгузории Тоҷикистон аз андозу пардохтҳои гумрукӣ озод нашуда бошанд.”

Раҳматов бо такя ба он, ки воридоти таҷҳизот барои телевизион аз андозбандӣ озод нашудаанд, танҳо баъди пардохти молиёт иҷозаи вурудашонро ба Тоҷикистон хоҳанд дод.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои Эрон менависанд, "ҳафт сол аз имзои созишномаи телевизиони муштараки форсизабонон мегузарад, аммо таҷҳизоти гаронқимате, ки тавассути сафорати Эрон дар Тоҷикистон аз Олмон харидорӣ шуд, ҳамчунон пушти дарҳои гумруки Душанбе пойтахти Тоҷикистон хок мехӯрад. Таҷҳизоте, ки ба қавли бархе расонаҳо беш аз 2 миллион евро барои хариди он ҳазина шуда ва тааҷҷубовараш онки гумруки Тоҷикистон барои раҳо кардани таҷҳизоти ин тарҳи муштарак тақозои 400 ҳазор доллар пардохтҳои гумрукиро кардааст.”

Ба навиштаи “Форс”, тарҳи нопухтаи телевизиони муштараки форсизабонон, ки дар соли 2006 аз сӯи Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури Эрон матраҳ ва мавриди пазириши раисони ҷумҳури Тоҷикистону Афғонистон қарор гирифт, бо гузашти қариб 7 сол ҳамчунон хомӯш мондааст.

Бар асоси ин тарҳ қарор буд Эрон имконоти моддӣ ва Тоҷикистон фазои мавриди ниёзи онро дар ихтиёр қарор диҳад. “Форс” менависад, аз сабаби он ки мухолифатҳои арзишию-сиёсии ин кишварҳо дар тарҳи телевизион мавриди таваҷҷуҳ қарор нагирифта шуд, ин ташаббус ҷуз ба ҳадар додани вақту энержӣ ва муҳимтар аз ҳама буҷаву сармояи Эрон чизеро ба армуғон наовардааст.

Манбаъ мегӯяд, ниҳоят теливизиони муштараки форсизабонон аз сабаби он ки аҳдоф, имкониятҳо, хароҷот ва паҳлӯҳои дигари он, дурусту дақиқ баррасӣ нашуданд, барои Эрон ҷуз хароҷоти моливу маънавӣ дар тӯли ин солиён чизи дигаре ба бор наовардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин Рахматов агенти Узбакистон ай чи бало? Бинен протифи иттиходи форсизабонон амал кадестай.
Посух додан
  • Азим

  • 18 июл 2013 20:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шарм хам дар ин карлукхои мо намондааст.Бечора Ирон з хисоби худаш ин тачхизотро харидааст,боз шарм надошта бочи гумруки талаб мекунанд.Бовари дорам агар бочи гумрукро низ Ирон супорад ин карлукхо боз бахонаеро пеш меоаранду харгиз барои якчоя шави ва муттахидшавии мардуми форсзабон ичозат намедиханд.Зато дар тамоми Точикистон лицейхои турки бемалол кор мекунанд...
Посух додан
  • s

  • 19 июл 2013 10:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мурданатон бехтар аст карлукои лаъин, Азим бисёр хуб кайд карданд, чаро ки туркон озод фаъолият мекунанду аз 1 тв ин кадар шумо метарсед, аз риши муллохои эрон метарсед ё аз хичоби занхову ояи куръон?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хай аз ташкил кардани ТВ-и форсизабонон тарсида бошед, ки пропагандаи шиизм мешавад, наход ягон хел амал кардан намешуд, ки бародарони ирони аз мо хафа нашаванд? Шарику бародару пуштибонро ранчондан чи даркор? намефахмам. Солхо тачхизот да пушти дари гумрук хоб. Ин сиёсат нест, ин давлатдори нест.
Акнун дига чи чавоб тиянд? Дига метонанд гуянд, ки мебахшед, мо хато кардем? Хай иронихо мебахшанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин ҳама фармойишист. Ҳайронам, амволе ки на барои тиҷорат, балки барои ҳамкории дуҷониба ворид шудааст, чигуна метавон аз он боҷи гумрукӣ талаб кард. Чаро Кумитаи радио ва ТВи Тоҷикистон дахолат намекунад? Чаро президенти мамлакат дахолат намекунад? Охир ин ТВи муштарак бо имзои ду президент амалӣ шуда истодааст. Тавре мебинем, "чароҳо?" бисёранд. Эрон ба мо ниёз надорад, мо ба Эрон ниёз дорем! Ба фикрам, дар кумитаи радио ва ТВи Тоҷикистон метарсанд ки, пас аз ба роҳ андохта шудани ин телевизиони муштарак, дигар касе ТВи ватаниро бо забои тоҷикии русимонандаш тамошо нахоҳад кард. Аз ин рӯ ҳар гуна монеъаҳои сунъӣ эҷод шуда истодаанд.

Бояд инро илова намоям ки "АЙ МАРДОНИ МАЙДОН! 21 СОЛ БОЗ КӮМАКҲОИ БАШАРДӮСТОНАИ БАРОДАРОНИ ЭРОНИРО ХӮРДА ГАШТЕД. АЗ ИН ТАҚОЗОИ БЕМАВРИД ВА ДУШМАНОНАИ ХУД ШАРМ НАМЕДОРЕД?" Президент Раҳмон ҳамеша таъкид мекунад, ки "мо бародарони ҳамзабон ва фарҳанги муштаракем". Ҳамин аст ҳамзабонӣ ва фарҳанги муштарак? Шунидан талх аст, лекин ин ҳақиқат аст: мо чӣ дар гуфтор, чӣ дар рафтору одоб, чӣ дар фарҳанг, чӣ дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз бародарони эронӣ садсолаҳо ақиб мондаем. Вале рафторе мекунем, ки гӯё аз онҳо боло бошем. Дар ин бора гуфтаниҳо зиёданд, вале фурсат нест.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!