Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:32

Ду хатсайри маҳаллии роҳи оҳан муваққатан аз фаъолият бозмонданд

20 июл 2011, 07:48

Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистон тасмим гирифтааст,  аз оғози моҳи сентябри соли равон хатсайри нави мусофирбари «Хуҷанд-Москва»-ро ифтитоҳ кунад.


Амонуллоҳи Ҳукуматулло, райиси ин ширкати давлатӣ мегӯяд, дар арафаи ҷашни 20 солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ин иқдом амалӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин қайд гардид, ки КВД «Роҳи оҳан» корҳо дар самти сохтмони иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла, идомаи хати нави роҳи оҳани «Душанбе-Қӯрғонтеппа», театри тобистона ва чойхонаи миллӣ дар «Боғи Ирам», хонаи 3 ошёнаи фароғатӣ дар Сарбанд, хонаи 9 ошёнаи истиқоматӣ дар Душанбе ва як хонаи 2 ошёнаи фароғатӣ дар Шаҳристон  барои дар арафаи ҷашни истиқлолият супоридан идома дорад.

Дар ҳамин ҳол иттилоъ дода шуд, ки аз сабаби кам шудани шумораи мусофирон бо розигии ҳукумати Тоҷикистон хатсайри  «Душанбе-Конибодом» ва «Конибодом-Қӯрғонтеппа» муваққатан баста шудааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!