Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:29

Шикояти мақомоти андоз аз болои хоҷагиҳои об ба додситонӣ

19 июл 2013, 14:27

Раёсати андози вилояти Хатлон аз болои хоҷагиҳои оби навоҳии Вахш ва Бохтар, бинобар пардохт накардани қарзи андоз ба додситонӣ ё худ прокуратура шикоят бурдааст.

Дар ин хусус Сайидислом Амиров, сардори раёсати андози вилояти Хатлон ба мо хабар дод ва гуфт, ки “қарзи хоҷагии об аз андоз ба 33 миллион сомонӣ расидааст”. Гуфта шуд, ки аз 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон фақат ноҳияи Шаҳритус аз аввали сол нақшаи андозро иҷро накарда, онро ба 86 дарсад расонидааст. Қарздории андозсупорандагони азим аз андоз ба 18 миллиону 737 ҳазор сомонӣ баробар гардида, он аз ҳисоби корхонаҳои Ресанда, Тоҷиказот ва Қӯрғонтеппагаз мебошанд.

Ба иттилои манбаъ қарзи Фурӯдгоҳи Қӯрғонтеппа бошад, ба ҳолати якуми май 55 ҳазор сомонӣ шуда, он алҳол фаъолият карда истодааст: “Аммо Тоҷиказот бинобар интиқол наёфтани гази Узбакистон ва Қӯрғонтеппагаз бинобар тамом шудани захираи газ дар конҳои маҳаллӣ чандин сол боз фаъолият накарда истодаанд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!