Бахшҳо

Пиряхи Хирсон маҷрои рӯди Абдулқаҳҳори Ванҷро баст

Пиряхи  Хирсон, ки яке аз забонаҳои бузурги Федченко маҳсуб мегардад, ахиран ба ҳаракат даромадааст.


Зимни як сӯҳбати телефонӣ бо хабаргузории «Озодагон» Ҷаъфар Холов, масъули ихтиёрии ҳолатҳои изтирории ҷамоати Рованд, сокини рустои Поймазори ноҳияи Ванҷ гуфт,  кӯҳи азими яхин маҷрои рӯди Ванҷро, ки дар саргаҳаш исми Абдулқаҳҳорро дорад, барои 12 соат баст. Гуфтанист, масофаи ҳаракати пирях 525 метрро ташкил дод. Бар асари бархӯрди ях ба кӯҳи «Дасти Рост»  ҳавзи бузурги об ба вуҷуд омад, хушбахтона оби дарё зери яхро шикофта, ҳоло ба маҷрои қаблиаш ҳаракат дорад. Ҳоло барои сокинони минтақа то ҷое хатар аз миён рафтааст, афзуд Холов.
Дар ҳамин ҳол, кормандони кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва як гурӯҳ аз олимони иқлимшиносу яхсанҷон тавассути чархбол аз ҷойи воқеъа дидан кардаанд. Бино ба иттилои ситоди ноҳиявии ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар ноҳияи Ванҷ, баландии пиряхи фаромада беш аз 100 метр буда паҳноии он бештар аз 200 метр аст. «Ҳоло роҳи ҳаракат ва ҳодисаи бандшавии об аз ҷониби масъулин наворбардорӣ гардида, то поёни рӯзи 20-уми июл хулосаи коршиносон пешниҳод хоҳад гашт», -иттилоъ доданд дар ҳукумати ноҳияи Ванҷ.                          
Маврид ба ёдоварист, пиряхи «Хирсон» ҳамеша ва ба таври муддавом дар ҳаракат аст, аммо баъди ҳар 15-25 сол суръати лағжиши он афзуда, мушкилотеро ба миён меорад. Мутахассисони ин соҳа дар солҳои 1916, 1937, 1951, 1963, 1973, 1989 ҳаракати  онро ба қайд гирифтаанд, ки роҳи Ванҷобро баста буд ва пас аз ҷорӣ шудани оби ҷамъшуда ба ин водӣ ва дигар манотиқи поёноби дарёи Панҷ хисороти зиёде ворид кардааст. {jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)