Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:28

Депутати рус барои қатли як тоҷик 8 моҳ ҳабси хонагӣ шуд

22 июл 2013, 11:31

Додгоҳи Воронежи Русия вакили Шӯрои мардумии деҳоти Семикулро, ки дар қатли шаҳрванди Тоҷикистон муттаҳам мешавад, танҳо ба муддати 7 моҳ ба ҳабси хонагӣ маҳкум кард.

Ин намояндаи мардумии рус, ки 51 сол дораду аз ӯ Сергей Плеханов ном мебаранд, шоми 28-уми феврали соли 2012 дар пайи задухӯрде бо шаҳрвандони Тоҷикистон, яке аз онҳоро сахт захмӣ намудааст, ки баъд аз се рӯзи бистарӣ шудан дар беморхона ба ҳалокат расида буд.

Ин дар ҳолест, ки алайҳи Сергей Плеханов парвандаи ҷиноӣ бозгардида, интизор мерафт, тибқи моддаи “расондани зарари ҷисмонӣ, ки мунҷар ба ҳалокат расидани шахси ҷабрдида мешавад”, ба муддати 15 сол равонаи зиндон шавад. Вале додгоҳ ин қазияро ба нафъи Плеханов ҳал намуда, гуфтааст, ин намояндаи мардумии рус танҳо аз худ дифоъ кард.

Расонаҳои русӣ сабаби ба миён омадани ин задухӯрдро сухани таҳқиромези Плеханов “Бубин, қазоқчаҳо омадан” унвон менамоянд, ки ҳангоми вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба мағоза ба онҳо гуфтааст.

Ҳоло Сергей Плеханов вазифаи худро ба ҳайси намояндаи мардумӣ идома дода, танҳо ҳангоми хориҷ шудан аз қаламрави ноҳия аз мақомоти пулис иҷоза мегирифтааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ап

  • 22 июл 2013 12:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Точик дар Россия аз чорво дида кадраш пасттар аст. Вокеият хамин аст.
Посух додан
  • Мухочир

  • 13 ноябр 2013 22:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Точик дар Точикистон кадраш аз чорво паст аст, чи чои гила аз Русия. Вакте ки фарзандони моро бачаи акаи раис пачка-пачка (оптом) ба дунёи абади равона мекунаду дар Олмон кайф карда мегардад, пас чи чои гила аз як сарзард.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!