Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:53

"Одамкушӣ"-и бародарон Муродовҳо дар тарабхонаҳои Душанбе

22 июл 2013, 12:32

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, имрӯз, 22-юми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, дар нимсолаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 59 ҳодисаи куштор сабт шудааст, ки 5 –тояш, аз ҷумла куштори посбони “Агроинвестбонк” дар Файзобод ва хонаводаи як соҳибкор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, то ҳол кушода нашудаанд.

Салимзода гуфт, дар нимсолаи аввал кушторҳо аз ҷониби гуруҳҳо ва ҷавонон афзоиш ёфтаанд ва ифшои чунин ҷиноятҳоро дар меҳвари фаъолияти худ қарор хоҳанд дод. Дар мавриди куштори Саъдӣ Сатторови 25-сола, дар тарабхонаи “Шаҳрисабз” дар маркази Душанбе, ки ба гуфтаи волидони марҳум аз ҷониби фарзанди яке аз оилаҳои бонуфузи кишвар содир шудааст, додситони кул эътироф намуд, ки муттаҳамон ба ин куштор қаблан низ чунин ҷиноят содир кардаанд.

Шерхон Салимзода мегӯяд, муттаҳамон ба ин куштор, бародарон Муродов Шералӣ ва Ҷаҳонгир, моҳи декабри соли 2012 низ дар тарабхонаи “Бешаи палангон” шаҳрванд Бекназаровро куштаанд: “Аз ин пештар Муродов Шералӣ барои авбошӣ мавриди кофтукоб қарор дошт.”

Додситони кул афзуд, аз рӯи ҳодисаи куштор дар тарабхонаи “Шаҳрисабз” 7 нафар боздошт шуда, парванда аллакай ба додгоҳ ирсол шудааст. Ҳодисаи задухӯрд дар тарабхонаи “Шаҳрисабз”-и Душанбе шаби 28-уми апрел рух дод, ки дар пайи он Саъдӣ Сатторов ба ҳалокат расидаву Азим Асоев ҷароҳати вазнин бардошта буд.

Дар натиҷаи ин ҳодиса ҳодиса волидони Саъдӣ Сатторови 25-сола аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дархост карда буданд, то тафтишоти қазияро зери назорати худ бигирад. Волидони ин ҷавони марҳум аз он нигаронӣ карданд, ки гӯиё қотили эҳтимолии фарзандашон аз оилаҳои бонуфузи Тоҷикистон аст ва дар гузашта низ аз ҷавобгарӣ барои чандин ҷиноятҳои вазнин халос шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аввалан Саломи худро ба озодагон мерасонам.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Авалалан саломи худро ба "Озодагон" мерасанам Баъдан гуфтаниям ки ба ба падару модари Саъди махрум сабру токат худованд дихад ба ин фарзанди ба дунё овардаашон ...Ва баъдан гуфтаниам, ки аз овазахои куча ва хамсоягонашон шунидаам ки дар хечкучо кор намекардаасту ва бо бародараш Сорбон рекет ва авбоши дар Точикистон ном буроварда буданд айни замон бародари Махрум Саъди Сорбон рузи 17.07.2013 ду нафар шарвандро бо мошини шахсияш коидаи харакатро вайрон карда ба халокат расон дар назди Карияи -Боло ки пеш аз он Сорбон бародар махрум Саъди доғи суди дошт..ва бо ародари аз хама хурдияш бо авбоши дар додгох рузи наздик ба мухлати 3 сол аз озоди махрум карданд..Авалло рузи 28.04.2013 дар тарабхонаи Шаҳр Сабз аз руи шунидам бародарон Муродовхо бо рафиконашон дар зодрузи рафикашон нишаста будан аммо ба он зодруз Саъди даъват карда нашуда буд вале вакте ки дар байни рафикони дар хамончо нишаста гапояшон мегурезад Икромча ном шахс ки Саъди махрум посбони у будааст уро занг зада файрод мекунад ва у дар холати масти бо тапончааш омада се тир ба тарафи бачахоеки дар хамончо хузур дошта будан мепаронад ки дар натича чанг калон шуда ва ба ҳалокат мерасад Саъди маҳрум ...ки вакте ки Икром шахсе ба у занг зада мегуяд биё ба чанг дар он вакт соат 1 :00 шаб буд ки агар тарбияи хуб медошту аз ин кирдорхои авбоши дур мебуд ба инчо намеомад ва бо тапонча хатто паронданро наметавонист валле ки ин кирдорхои Саъди махрум чандин маротибахо буд ва хама чавонон ин кирдорхои авбошонаашонро бародарони Сатторовхоро Саъди махрум ва Сорбонро медонанд....вале дар ончо шаби 28.04.2013 рафико барои зодруз нишаста буданд наин ки барои чанг зеро ки махрум Саъдиро хечкас аз хонааш бароварда накуштааст у худаш ки аз кирдорхои авбошонааш ба халокат расидааст...Хеч кас аз худованди Бузург зур нашудааст..ман фикр мекунам ки ин хама насибу такдири бади хамин чавонписар маҳрум Саъди мебошад ки дар натича аз олам чашм пушид бо кирдорхои бади худ... Нафакат бояд як падару модари ин чавонписарон балки хамаи Точикистон бигзор падару модараш аз тарбияи фарзанди худашон дур набошанд..ки дар нитича ба ин кирдорхои фарзандаашон сар хам набошанд...Вале хакикат дар Чумхурии Точикистони мо хаст ман фикр мекунам ки дар халоте ки Саъди махрум бо тапончааш тарафи чавонмардоне ки дар хамон тарабхона нишаста будан паронд хар касе ки мебуд барои химояи худашон худашонро мухофизат мекарданд..ки ин наин ки одам куши балке моддаи 107 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мешавад ки дар он модда худхимоя карданро пешбини кардаанд.вале хама ин 7 нафари ки дастгир кардаанд бегунохан тарафи бади махрум Саъдиро хам дидан лозим аст ки хислатхои бади у ва абошонаашонро дар хамин видеоеи дар тарабхона сабт кардаанд мавчуд мебошад дидан лозим...Худо хамаи ин бандахои мусалмонро нигах дорад ва аклу тамиз дихад. ба диққататон ташакур.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
кат зан МИЧА хамаи гапхоро дуруст нависти)))Ин барои он одамонеЮ ки аз куча гапхои бардуругро пахн мекунанд ХОНАНД)))))
Посух додан
  • Рахмдил

  • 15 март 2014 08:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Оилаи бонуфуз ки бошад ки чунин фарзандони авбош ба дунё овардааст.Оилаи Хукумов тамом шуд бо кадом оила бошад! Озодагон шумо кунчков хастен кани як фахмида буроен .......

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!