Бахшҳо
20 июл 2011 10:24Хабарҳои ҷаҳон

Мулло Умарро аз тариқи SMS-ҳо «куштанд»

Субҳи имрӯз дар телефонҳои ҳамроҳ ва нишонаҳои электронии намояндагони ҳаракати «Толибон» паёмҳое расидааст, ки аз марги бунёдгузори ин ҷунбиш Мулло Муҳаммад Умар хабар медиҳад.


Расонаи электронии «newsru.com» менависад, ирсоли смс-ҳои дурӯғ кори дасти хакерҳоест, ки телефонҳои мобил ва почтаи электронии намояндагони Толибонро шикастаанд. Дар паёмакҳои электронӣ гуфта мешавад, ки пешвои маънавии Толибон ба ҳалокат расид, «Худо ҷояшро ҷаннат кунад».      
"Хароб кардани шабакаҳои телефонӣ кори дасти ҷосусони амрикоист. Мо аз операторони алоқаи мобилӣ қасос хоҳем гирифт", -таҳдид кардааст як толиб бо исми Забеҳулло Муҷоҳид. Вай гуфтааст, sms дар мавриди ҳалокати мулло Умар аз ду рақаме, ки дар гузашта Толибон истифода мекарданд ва ҳоло фаъол нест, расидааст.
Қурбонии дигари ҳамлаи хакерҳо Муҳаммадюсуф Қорӣ гуфтааст, "шикастани хатти телефонӣ ва ирсоли паёмакҳо амали нерӯҳои НАТО аст, ки мехоҳанд ба «Толибон» аз ҷиҳати равонӣ таъсиргузор бошанд".
Ин бори аввал нест, ки дар мавриди марги Мулло Абдулло хабари бардурӯғ паҳн мешавад. Авохири моҳи майи имсол шабакаи телевизионии «Тулӯъ»-и Афғонистон аз эҳтимоли кушта шудани ӯ иттилоъ дод. Баъдан, ин маълумот аз ҷониби кормандони хадамоти амниятӣ рад карда шуд.
Баъди кушта шудани раҳбари «Ал Қоида» - Усома бини Лодан, ки «Террористи рақами 1 дар ҷаҳон» шинохта шуда буд, ҳукумати ИМА чандин маврид ишора намуд, ки «сайд»-и навбатияшон Мулло Умар хоҳад буд.
Бояд гуфт, Толибон дар соли 1996 зери раҳбарии Мулло Умар пойтахти Афғонистон-шаҳри Кобулро таҳти назорат гирифтанд. Ҳукмронии онҳо то соли 2001 давом намуд ва то имрӯз номбурда ҳаракати  «Толибон»-ро алайҳи нерӯҳои НАТО ва нерӯҳои ҳукумати Афғонистон раҳбарӣ мекунад. Тибқи баъзе маълумотҳо Мулло Умар дар шаҳри Кветтаи Покистон ба сар мебарад, вале толибони маҳаллӣ ин хабарро рад карда мегӯянд, пешвояшон дар Афғонистон аст. Ногуфта намонад, ки барои «калла»-и Мулло Умар ИМА 10 миллион доллар   ваъда кардааст. {jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)