Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 00:17

Ширинов дар бораи офшор, пулҳои қалбакӣ, “Контбонк” ва “Агроинвестбонк”

23 июл 2013, 12:34

Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, талош мекунанд, маблағҳоеро, ки ба минтақаҳои офшорӣ мераванд, ба кишвар баргардонанд.

Ӯ гуфт, на ҳамаи он маблағҳое, ки ба минтақаҳои офшорӣ мераванд, “пулҳои сиёҳанд”, зеро минтақаҳои офшорӣ дар қаламрави кишварҳое мебошанд, ки аз ҷумлаи демократитаринҳо маҳсуб меёбанд. Раиси Бонки миллӣ далели зиёд ҷалб шудани маблағҳоро ба офшорҳо сабукиҳои андозӣ гуфт, ки дар ин минтақаҳо ҷорӣ мебошанд. Ӯ таъкид кард, ки айни ҳол барои гардондани маблағҳо аз офшор омода нестанд, аммо талош хоҳанд кард.

Дар масъалаи захираи тиллои Тоҷикистон Ширинов афзуд, ки ҳанӯз нокофист. Ба иттилои Бонки миллӣ захираи тиллои Тоҷикистон давоми нимсолаи аввали соли равон ба 11 тонна расидааст, аммо ҳанӯз ҳам нокофист, чун баробари ҳаҷми воридоти семоҳа намебошад. Дар маҷмуъ ҳаҷми захираҳои тиллою асъори Тоҷикистон 1,1 миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст, ки дар қиёс ба соли гузашта 26 % зиёд мебошад.

Ширинов ҳаҷми пули нақдро, ки дар Тоҷикистон дар муомилот аст, 3,8 миллиард сомонӣ арзёбӣ намуд. Аз ҷумла 26,9 миллион сомонияш танга буда, беш аз 647 миллион сомонии нав ба муомилот бароварда шудаанд ва 414,5 миллион сомонӣ пулҳои қоғазии фарсуда аз гардиш гирифта шудаанд. Дар мавриди пулҳои қалбакӣ раиси Бонки миллӣ афзуд, ки то ҳол ягон ҳолати гардиши пули қалбакиро дар Тоҷикистон ифшо накардаанд.

Аз таҳримҳои Амрико, алайҳи “Конт бонк” мақараш дар Душанбе, ки соҳибаш Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ арзёбӣ мешавад, раиси Бонки миллии Тоҷикистон изҳори бехабарӣ намуд ва афзуд, ки номи соҳиби “Конт бонк”-ро намедонад.

Дар мавриди ҳолати ногувори “Агроинвестбонк”, ки соли гузашта давлат барои ҳимояи саҳмдорони он маҷбур шуд, рекапитилизатсия гузаронад, Ширинов афзуд, ки он ба сармоягузориҳои ин бонк ба бахши пахтапарварию мурғпарварӣ рабт дорад, чун аксари қарзҳо баргардонда нашудаанд. Давлат дар натиҷаи гузоштани саҳм дар ҳаҷми 500 миллион сомонӣ 51 дарсади саҳмияҳои бонкро соҳиб шудааст ва айни ҳол калонтарин саҳмдори бонк мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!