Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 21:04

Менглиев: Дар ҳодисаҳои Хоруғ ҳамагӣ 41 нафар фавтидаанд

23 июл 2013, 14:04

Вазорати адлияи Тоҷикистон кушта шудани тайи сад нафарро дар амалиёти тобистони соли гузашта дар Хоруғ рад карда, теъдоди кушташудагонро ҳамагӣ 41 нафар арзёбӣ намуд.

Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон, мегӯяд дар бораи ин амалиёт як гузориши муфассал ба созмонҳои байналмилалӣ пешниҳод хоҳанд кард. Ӯ афзуд, ин гузориш ҷавоб ба пурсиш ва гумонҳои Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал хоҳад буд, ки чанде пештар ҳайати Тоҷикистонро дар Женева саволборон кард.

Оқои Менглиев, ки дар нишасти хабарии 23-юми июл дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, аз Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ба онҳо гуфтаанд, дар амалиёти тобистони соли гузашта дар Хоруғ сад нафар ҳалок шудаанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи вазири адлия, ин иттилоъ асос надорад. Ба иттилои вазир дар ин амалиёт 23 сокини мулкӣ, аз ҷумла якеаш аз тири дайду ва дигаре аз дарди қалб фавтидааст. Менгалиев теъдоди низомиёни кушташударо дар ин амалиёт 18 нафар арзёбӣ намуд.

Рустам Менглиев афзуд, ҳоло Додситонии кулли Тоҷикистон тафтиши амалиёти нерӯҳои низомӣ дар Хоруғро ба поён набурдааст ва аз ин рӯ, наметавонанд иттилооти аз ин бештарро дар ихтиёри хабарнигорон бигузоранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!