Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 06:50

“Next1” Сиёвуш Қумайширо ба Тоҷикистон меорад

24 июл 2013, 10:51

Сиёвуш Қумайшӣ, овозхони маъруфи эронӣ, барои баргузории як консерт ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, хоҳад омад. Маркази продюсерии “Марҳабо”, ки ҳамроҳ бо шабакаи “Next1” Қумайширо ба Тоҷикистон даъват кардааст, гуфт, ин консерт 13-уми августи соли ҷорӣ дар “Кохи Борбад” баргузор мегардад.

Нархи чипта ё билети консерти Сиёвуш Қумайшӣ то ҳол маълум нест. Вале масъулони маркази продюсерии “Марҳабо” мегӯянд, ин барномаи консертӣ танҳо як рӯз дар пойтахти кишвар баргузор шуда, Қумайшӣ ба минтақаҳои дигари Тоҷикистон сафар нахоҳад дошт.

Аз ин пештар Муин, Андӣ, Ораш, Мансур, Лайло Фуруҳар, Афшин ва чандеи дигар аз овозхонҳои маҳбуби эронӣ дар Тоҷикистон консертҳояшонро баргузор кардаанд. Ин барои нахустин бор аст, ки Сиёвуш Қумайшӣ ба Тоҷикистон меояд. Вай соли 1945 дар Эрон таваллуд шуда, баъдан ба хориҷа рафтаву дар он ҷо зиндагӣ ихтиёр кардааст. Чанде аз таронаҳои Сиёвуш, аз ҷумла “Фарангис”, “Қиссаи гулу тагарг”, “Асалбону”, “Ниқоб” ва “Паранда” (ин таронаро бо Муин иҷро кардааст) миёни сокинони Тоҷикистон маъруфият доранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!