Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:28

Боздошти доғистониҳо барои роҳзанӣ дар Душанбе

24 июл 2013, 17:48

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як сокини ноҳияи Ҳисор ва ду шаҳрванди ҷумҳурии Доғистон барои роҳзании мусаллаҳона дар Душанбе боздошт шудаанд.

Ба иттилои ин ниҳод, боздоштшудагон сокини шаҳраки Ҳисор Ҷалолов Суҳроб Зайдуллоевич, шаҳрвандони Доғистон, Гачиев Феликс Тоҳирбекович ва Омаров Магамадалӣ Магамедович аввали моҳи июл ошкоро амволи шаҳрванд Сидиқов Музаффарро бо таҳдиди таппончаву корд аз худ кардаанд.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дастгиршудагон аз Сидиқов Музаффар дар назди хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Испечак-2-и пойтахт, ҳангоми дар дохили автомашинаи шахсиаш қарор доштан, мавриди лату кӯб қарор дода, бо таҳдиди таппонча ва корд дастонашро ба қафо баста, аз кисаи ӯ 100 доллари амрикоӣ, 450 сомонӣ, як адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг», ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ва автомашинаи шахсиаш тамғаи «Тайота-Кемри»-ро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд.

Ба иттилои мақомот ҳангоми дастгир намудани ин муттаҳамон ба роҳзанӣ боз ду нафар Абдуллоев Ахмадҷон Исмоилович соли таваллудаш 1987 ва Расулов Зоиршо Маҳмадалиевич соли таваллудаш 1985, сокинони ноҳияи Ҳисор, ки дар кофтуков қарор доштаанд, дастгир гардидаанд.

Вазорати умури дохилӣ бо такя ба моддаи 249-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мегӯяд, роҳзанӣ яъне ҳуҷум бо мақсади тассаруфи молу мулки ғайр бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ содир шуда, ба содиркунандагони он мувофиқи қисми якуми ин модда ба мӯҳлати аз 5 то 10 сол, бо қисми 2 аз 10 то 12, бо қисми 3 аз 12 то 15 ва бо қисми 4 аз 15 то 20 сол бо мусодираи молу мулк ҷазо татбиқ карда мешавад.
Ин ниҳод мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи зикргардида айни ҳол парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда тафтишот идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • мехмон

  • 25 июл 2013 08:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Оли агар ин мутахамора хубтар таку ру кунан инча бо максади убур бо марзи Точикистон ба афгонистонро доштан ё шояд кадом як мактаби махусуси пинхонибудаи точикистон омаданд. гуфти ин макомот ин мутахамо наход дар ватани худамон такирмон кнанд гирен занешон ба медонан ки ба кучо омаданд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Майлии ваеш хаму шахрванди Хисора бугу наход ука беномус боши ки да пешат хамватанта хаммилата бегонагон лату куб кунан бо ту хавай бадбахтора ердам куни!!!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!