Бахшҳо

Ширкати миллиардери эронӣ монополисти Тоҷикистон эълон шуд

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ширкати “Осиё Экспресс”-ро ба феҳристи монополистҳо дар кишвар ворид намудааст.

Масъулини ин Хадамот, имрӯз, 25-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ гуфтанд, минбаъд бо дохил шудани “Осиё Экспресс” теъдоди монополистҳо дар кишвар ба 46 адад расид, ки ҳамаашон дар феҳрасти давлатӣ буда, фаъолияту нархгузории онҳо дар мувофиқа бо ин хадамот сурат хоҳад гирифт.

Мусофирбарҳои хурди ширкати "Осиё Экспресс" кори худро дар Тоҷикистон, аз 15-уми март оғоз карда, аз 38 хатсайре, ки Саристгоҳи шаҳри Душанбе дар солҳои пешин доштааст, айни ҳол дар 12-тои он автобусҳои ин ширкат ҳаракат мекунанд. Ин ширкат ҳоло дар хатсайрҳои Душанбе-Ваҳдат, Душанбе-Ваҳдат-Файзобод, Душанбе-Ваҳдат -Обигарм ва Душанбе-Ваҳдат-Обигарм-Роғун ва ба навоҳии вилояти Хатлон, Қӯрғонтеппа, Ҷалолиддини Румӣ, Қумсангир, Панҷ, Данғара, Фархор Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Кулоб фаъолият мекунад.

Тибқи иттилои масъулини Осиё Экспресс дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархи як чиптаи хатсайри Душанбе-Қӯрғонтепа 18 сомонӣ, Душанбе-Ҷалолиддини Румӣ 25 сомонӣ, Душанбе-Дӯстӣ 30 сомонӣ, Душанбе-Ваҳдат 5 сомонӣ, Душанбе-Файзобод 10 сомонӣ, Душанбе-Обигарм 18 сомонӣ, Душанбе-Кӯлоб 40 сомонӣ, Душанбе-Абдураҳмони Ҷомӣ 15 сомониро ташкил медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки Шодӣ Шабдолов, вакили парлумони Тоҷикистон, ахиран зимни ироаи сабукиҳои андозию гумрукӣ ба “Осиё Экспрес” дар парлумон суол гузошт, ба чӣ далеле ҳукумат ва парлумон бояд ба “Осиё Экспресс” ин имтиёзҳоро ироа кунад? Шабдолов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки тибқи мушоҳидаҳо хизматрасонии ширкати мазкур ба маротиб гаронтар аст: “Ҷое, ки бо 3 сомонӣ мерафтем, таксиҳои “Осиё Эскпрес” ба ивази 25 сомонӣ мебаранд. Пас, суоле ба вуҷуд меояд, чаро ба чунин ширкатҳое, ки ба мардум ба ҷои сабукӣ вазнинӣ меоранд, имтиёз медиҳем?”

"Осиё Экспресс", аз ҷумлаи ширкатҳои марбут ба Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ арзёбӣ мешавад, ки мақомоти тоҷик ба онҳо имтиёзҳои зиёди гумрукию андозиро ироа кардаанд.
Мӯҳр
Иктисодшинос
Охир ингуна ширкатхо ба ду нафар хидмат мекунанд, хам ба худи сохиби ширкат яъне Бобак ва хам ба шарики дар точикистон будаашон ки хеши Калон аст ва ё аслан худи Калон. Пас вакте муштари дар наклиёти онхо нишаст бояд ба ду нафар пул дихад хам ба Бобак ва хам ба Калон.

устувор
ТАБИАТИ МО ТОЧИКОН ХАМИН АСТ ХУДКУШИ БЕГОНАПАРВАР ЗАЙДРО ЗИНДОНИ МЕКУНЕМУ ЗАНЧОНИИ БЕГОНАРО ИМТИЁЗ КОНУНИ МЕДИХЕМ КИ БО ПУЛИ МО МОРО ГУЛОМИ ХУД КУНАД

Dev
Monopolisiti rakami avval dar Tojikiston "shirkati" "Rahmon i Ko" astu bas !

душанбе - абдураҳмони ҷоми вабше н намера!

Агар нарху хизматрасонии ин ширкат ба мардум маъкул нашавад, ба такси раванд. Лекин мусофирони аз автобусхои ОЭ рози бисёранд. Нагз кор мекунандИктисодшинос,

Мунед Эрониë кор кунад..узбаку қирғиза роҳ медиҳед ку.ҳеҷ гап не ки акун ҳамзабони худамо кор кунад.Ҳозир агар ягон хитойи ë муғули ифлос кунад падхалими мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)