Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:53

Тағйири айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи Садриддин Тошев

25 июл 2013, 15:35

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд қарор кардааст, ки Нусратулло Рухсатуллоев -- додситони назоратии зиндонҳо наметавонад ба ҳайси айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ду шоҳиди марги Ҳамза Икромзода, иштирок кунад.

Тошев ва Ризоев, ки тирамоҳи соли гузашта, дар пайи марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами аввали Душанбе, ба маҳбаси Хуҷанд интиқол ёфтанд, барои пахши ахбори дурӯғин муттаҳам мешаванд. Мурофиаи додгоҳии онҳо рӯзи 25-уми июл дар СИЗО-и Хуҷанд оғоз ёфт.

Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Садриддин Тошев, ба “Озодагон” гуфт, дар пайи шикояти нафари таҳти ҳимояташ Мусулмон Шарифов -- додраси додгоҳи Хуҷанд қарор кардааст, ки дар парвандаи ӯ ва ҳамроҳаш айбдоркунандаи нав таъин карда шавад.

Ба қавли Воҳидова, Садриддин Тошев дар дархости худ навиштааст, Нусратулло Рухсатуллоев аз сабаби бе ғараз набудан дар қазияаш бояд дар мурофиа ба ҳайси айбдоркунадаи давлатӣ иштирок накунад. “Тошев дар дархости худ навишт, ки Рухсатуллоев ба ҳайси додситони назоратии зиндонҳо дар латту кӯби маҳбусони Душанбе, ки 5-уми ноябри соли 2012 ба зиндони Хуҷанд интиқол дода шуданд, даст дорад. Дар бозпурсиҳо Тошев исбот намуд, ки дархости ӯ бе асос нест ва қатъиян талаби иваз кардани айбдоркунандаи давлатиро дар миён гузошт”,-афзуд Файзиннисо Воҳидова.

Ҳамакнун интизор меравад, Нусратулло Рухсатуллоев дар парвандаи Садриддин Тошев ба сифати шоҳиди иловагӣ бозпурсӣ шавад.Дар дархости худ Садриддин Тошев шикоят аз он кардааст, ки баъд аз латту кӯб маҳбусон унвонии Нусратулло Рухсатуллоев шикоят бурдаанд. Дар ҷавоб Рухсатуллоев онҳоро барои ҷазо ба утоқи ҷаримавӣ (штрафной изолятор) интиқол додааст.

Маврид ба зикр аст, ки тирамоҳи соли гузашта дар пайи марги Ҳамза Икромзода, як сокини ҷавони Ҳисор, дар зиндони рақами аввали Душанбе масъулин гурӯҳе аз зиндониёнро ба Хуҷанд интиқол доданд, ки дар миёнашон Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев низ буанд. Гуфта мешавад, онҳо шоҳиди марги Ҳамза Икромзода будаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!