Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:50

Пешниҳоди ҷоизаи ҷасорат ба модари Додоҷони Атовулло

27 июл 2013, 17:52

Пахши навори видеоӣ аз номи модари Додоҷони Атовулло дар торнамои Яндекс, ки аз тарафи ашхоси номаълум омода гардида буд, бо вокуниши бархе аз фаъолони тоҷик рӯбарӯ гардида, ҳатто баъзеашон дар саҳифаи Фейсбуки худ онро маҳкум кардаанд. Дар ин навор зане аз номи модари Додоҷон аз ӯ даъват мекунад, ки аз роҳи пешгирифтааш баргардад.

Шаҳзодаи Самарқандӣ, рӯзноманигор ва яке аз фаъолони тоҷик, навиштааст, “аз рӯзе, ки Додоҷони Атовулло дар сафҳаи Фейсбуки худ навишт, модари ӯро таҳти фишор қарор додаанд, ки аз ӯ бихоҳад, то ба Ватан баргардад, ҳамвора дар фикри як зани солхӯрдаи тоҷикам, ки метавонад модари ҳар як фарди мо бошад.”

Шаҳзода мегӯяд, ин ҳама фишор ба модари Додоҷони Атовулло ба он хотир аст, ки медонанд, муаллими аввали ӯ модараш аст: “Модарони далер фарзандони далер ба ҷомеа таҳвил медиҳанд ва тамоми давлатҳои саркӯбгар инро медонанд. Медонанд, ки ин андешае, ки дар сари бархе аз шаҳрвандон пайдо мешавад, реша дар хонавода дорад. Вақте сохтори омӯзишӣ фалаҷ ва саркӯбгарона аст, чӣ тавр ҳамчунон афроди далеру озодихоҳ ва зулмбезор ба вуҷуд меоянд? Мо хуб медонем, ки муаллими аввали ҳамаи мо модаронамон хастанд.”

Ба гуфтаи ин рӯзноманигори тоҷик, бояд ба модари Атовулло ҷоиза дода шавад: “Ин зан сазовор аст, ки ҷоизаи ҷасорат дар баробари ноадолатиҳоро рӯи дастонаш бигирад. Дастоне, ки ҳамеша бар дуои нек бар осмон бурдааст ва хоҳад бурд!”

Аз сӯи дигар, Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори мустақили тоҷик низ дар мавриди зери фишор қарор гирифтани оила ба хотири ақидаи сиёсии яке аз афроди он изҳори назар карда, менависад: “...ҳар он чи ман менависам, сирфан ва ихтисосан дидгоҳҳои шахси ман аст ва бо хонаводаи ман кӯчактарин нисбате надорад. Бигзоред инро ҳам бигӯям, ки хонаводаи азизи ман шарики андешаҳои сиёсии ман нестанд. Ҳаргиз ҳам набудаанд. Барои ман ҳисоби хонаводаву сарзамин ҷудост. Ҳамеша чунин буда. Аз навҷавониам, ки сар ба ин барзан задам ва ононе, ки маро аз дербоз мешиносанд, метавонанд гувоҳ бошанд.”

Ба гуфтаи Куруш Сӯҳроб, фаъоли сиёсии дигари тоҷик, ин навор ба ҷои он ки ба хостаҳои муассисонаш натиҷаи мусбат орад, баръакс нафрати мардумро нисбат ба онҳо зиёд кардааст: “Ва ин ки палидони беимон аз номи модари бузурге чунин суханҳоро мегӯянд, баръакс нафрати мардум боз ҳам зиёдтар мешавад.”

Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 24-уми июли соли ҷорӣ дар сайти Яндекс, хитоб ба Додоҷони Атовулло, журналист ва раҳбари ҷунбиши сиёсии "Ватандор", видеои 27-дақиқаӣ нашр шуда буд, ки дар пасманзари намоиши модари 83-солаи Додоҷон аз ӯ даъват мешавад, "аз роҳи туҳмату бадномкунии давлату миллат баргардад". Оқои Атовулло онро видеои сохта ва кори дасти маъмурони амнияти Тоҷикистон номид. Зеро, ба гуфтаи ӯ, аз ин пештар раиси ҷамоати Ворӯи Панҷакент (зодгоҳи Додоҷони Атовулло) ҳамроҳ бо чанд тани дигар, ки дар даст дастгоҳи наворбардорӣ доштаанд, ба назди модари ӯ рафта гуфтаанд, то аз фарзандаш бихоҳад, ба Ватан бозгардад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • гадо

  • 27 июл 2013 21:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Амири беватан хору хакир аст
гадо гар дар ватан мирад Амир аст
Посух додан
  • Салом Озодагон

  • 27 июл 2013 22:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ду эрод дорам.
якумаш Куруш Сухроб шахси воқеӣ нест. Чаро фикру андешаи ӯро менависед дар ин ҷо?
ва дуввумаш: Вақте ки Додоҷон дар бораи оила ва модари Э.Раҳмон мегуфт чаро хомӯш будед, ҳол он ки Додоҷон таҳқиру дашномро раво медонист бар оила ва модари Раҳмон.
Умуман зид ҳастам, ҳангоме ки касеро ба ҷои каси дигар зери фишор мегиранд. Агар дар ин бора кам мегуфтанд, мардуми камтар дар ин бора мегуфи ва аз ин тарзи кор дигар касе пеш намегирифт.
Посух додан
  • Салмон

  • 28 июл 2013 10:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба ин модари мехрубону адолатпарвару часур, хато чоизаи нобели хам ками мекунад. Худованд хамеша ин модарро дар панохаш нигох дорад.
Посух додан
  • Факир

  • 29 июл 2013 01:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
гар модари хеш дуст дори,
дашном мадех ба модари ман.
Ир дар холест, ки окои Додочон бар ахли байти Рахмон лаънат хонд , чаро, ки Рахмон бар вай лаънат нахонад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
аввалаш они ки чой гузории ин мавод дар бахши "сиёсат" хуб хатогии озодаГОН хаст. Баъдан охири модари ин гуна сиёсатмадора х г. як бар номи писари ин кампира, намтавонам номаша гирам, хайр гуем "персонаж" дар фейсбук даромад хонед, то чи андоза ин кампир писарашро таълиб додааст. Боки одам бо нангу номус ин персонажро намехаонад. Худо ба шукур аксаряти мардуми дуне забони точикиро намедонад, агар не бар тамоми миллати точик нафарти абади хоханд хонд, баъди хоанти и персонажи опозицони. хаволаатон ба Худо. Як шахсти фидои!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!