Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:53

Қаннодони барқдуздро ба суд мекашанд

28 июл 2013, 11:12

Прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа нисбат ба ду қанноди шаҳр бо ҷурми дуздии нерӯи барқ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

«Нуритдинов Собиржон Акбаралиевич як қисми хонаи истиқоматии воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Борбад, хонаи №32-ро ба иҷора гирифта, дар он сехи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии кулчақанд кушода, бидуни ҳисобкунак қувваи барқро ғайриқонунӣ аз моҳи ноябри соли 2012 то 06 апрели соли 2013 истифода бурда, бо ин роҳ ба Идораи шабакаҳои барқи Қӯрғонтеппа ба маблағи 20419,88 сомонӣ зарар расондааст»,-мегӯяд Баҳридин Бозоров, прокурори шаҳр.

Ба қавли ӯ ҳамчунин «Усмонқулов Зокиржон Собиржонович, сокини дигари Қӯрғонтеппа, кӯчаи Логинов 46 дар кӯчаи Логинов 46 сехи истеҳсоли қанди сафед (рафинад) кушода, бидуни ҳисобкунак қувваи барқро аз моҳи сентябри соли 2012 то 13 июни соли 2013 истифода намуда, бо роҳи фиреб ва сӯиистифода аз боварӣ ба идораи барқи шаҳр зарар расондааст».

Баҳридин Бозоров, прокурори шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, нисбат ба ҳардуи ин қаннодон бо моддаи 253, қисми 1, Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ гардида, парвандаи аввалӣ дар марҳилаи судӣ қарор дошта, аз дувумӣ барои тафтиши пешакӣ ба ШВКД-и шаҳри Қӯрғонтеппа ирсол шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!