Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 00:15

The Economist: Чаро даромади Талко ба Роғун нею ба ҷазираҳои Вирҷиния меравад?

29 июл 2013, 09:32

The Economist, маҷаллаи бонуфузи бритониёгӣ менависад, Тоҷикистони сероб, вале камбағал дар танҳоӣ наметавонад, бунёди нерӯгоҳи “Роғун”-ро ба итмом расонад.

Дар қатори сармоягузорони эҳтимолии “Роғун” нашрия Русия ва Чинро ном мебарад, ки метавонанд, ба фасодзадагии Тоҷикистон чашм пӯшанду бунёди нерӯгоҳро маблағгузорӣ кунанд: “Аммо ин кишварҳо ҳам намехоҳанд, Узбакистон, сераҳолитарин кишвари Осиёи Миёна ва аз нигоҳи низомӣ пуриқтидорро ранҷонанд.”

The Economist, менависад “Роғун” дар сад километрии Душанбе бо садди 335 метрӣ ва тавоноии 3600 мегават ҳудуди 6 миллиард доллари амрикоӣ арзиш дорад. Дар ҳоле, ки маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар як сол ҳамагӣ ҳудуди 7,5 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Нашрия зикр мекунад, ки мардуми Тоҷикистон ҳамасола ба камбуди барқ рӯбарӯст ва ҳудуди 40 дарсади барқи тавлидшуда дар кишвар барои корхонаи алюминиюм “Талко” равона мешавад. Аммо садҳо миллион долларе, ки ин корхона ҳамасола ба даст меорад, ба ширкатҳо дар ҷазираҳои Вирҷиния равона мешаванд. Ба навиштаи The Economist, фаъолияти “Талко” бевосита таҳти назорати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор дорад ва суол мегузорад, ки чаро даромади Талко ба бунёди Роғун сарф намегардад?

Нашрия бо зикри суитафоҳумҳои Узбакистону Тоҷикистон дар мавриди бунёди Роғун, ки ҳатто то ба таҳдидҳои низомӣ расида буд, изҳори шубҳа мекунад, ки Эмомалӣ Раҳмон таҳти пофишории Узбакистон тағйиротеро дар лоиҳаи Роғун қабул кунад ва пешниҳоди Русияро мисол меорад, ки хост садди Роғунро 50 метр пасттар созад, вале Тоҷикистон рад намуда буд.

Дар ҳамин ҳол ба навиштаи хабаргузории “Ҷаҳон” намояндагии доимии Узбакистон дар СММ охири ҳафтаи гузашта дар Амрико бори дигар мухолифаташро алайҳи бунёди нерӯгоҳҳои бузург дар минтақа изҳор дошта, таъкид намудааст, ки он ба миллионҳо сокини ин кишвар таҳдид дорад.

“Роғун”, ки ният аст, Тоҷикистонро аз кишвари муҳтоҷи барқ ба фурӯшандаи асосии он табдил диҳад, айни ҳол аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ таҳти назари Бонки ҷаҳонӣ аз нигоҳи иқтисодию экологӣ мавриди омӯзиш қарор дорад. Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон дар нишасти ахири матбуотияш гуфт, баҳси навбатии “Роғун” моҳҳои наздик дар Вашингтон сурат хоҳад гирифт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ИН САВОЛРО БОЯД ЭМОМАЛИ РАХМОН ЧАВОБ ДИХАД, КИ ДАРОМАДИ АЛЮМИН ЗАВОД БАРОИ ЧИ ЧАЗИРАИ ВИРЧИНИЯ МЕРАВАД.?
ДАР ТОЧИКИСТОНИ МО ЯГОН ЖУРНАЛИСТИ ВАТАНДУСТЕ ХАСТ, КИ АЗ ЭМОМАЛИ РАХМОН САВОЛ КУНАД, КИ ЧАРО ЧАНДИН МИЛЛИОНХО ДОЛАР БА ОН ЧАЗИРА МЕРАВАД.......
Посух додан
  • Мумин

  • 29 июл 2013 15:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамон маблагхои ба чазираи Вирчиния интикол шударо ,агар мардуми точик баргардонида тавонад, хам Рогун соз мешавад,барк мешавад, маош ва нафака хам зиёд мешавад, чойхои кори хам ба вучуд меоянд ва мардум аз сатхи камбизоати мебарояд. Он маблагхо аз мардуми точик хастанд на касе дигар.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
МУМИН. АГАР ХАМАИ ХАМОН ПУЛХОРО ГАРДОНИДА БИЁРАНД ВА ГЭС-И РОГУН ВА ДАХ ГЕСИ ДИГАР ХАМ ОБОД КУНАНД ХАЛКИ ТОЧИК КУВВАИ БАРКРО ТО СОЛИ ДУ ХАЗОРУ БИСТ НАМЕБИНАНД.....АГАР ХУКУМАТДОРОНИ ТОЧИКИСТОНИ МО ХАМИНХО БОШАНД....
ФАРОМУШ НАКУН...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!