Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:39

Идомаи баҳси Тӯраҷонзода бо се рӯҳонии суғдӣ дар додгоҳ

29 июл 2013, 10:17

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд фардо, 30-юми июл, ба баррасии даъвои Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусалмонҳои Тоҷикистон, аз болои се рӯҳонӣ ва як хабарнигори телевизиони “Суғд” (СТВ) идома медиҳад. Ин шикояти оқои Тӯраҷонзода ҳанӯз як соли пеш ба додгоҳ ироа шуда, баҳси он то ҳол анҷом наёфтааст.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода мегӯяд, Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода -- раиси Шӯрои уламои Суғд, Ҳоҷӣ Насрулло -- имомхатиби масҷиди Исфара ва Ҳоҷӣ Мақсудҷон -- имомхатиби масҷиди Конибодом соли гузашта дар барномаи “Сӯҳбати озод”-и телевизиони давлатии Суғд ба ӯву хонаводааш туҳмат задаанд. Ба гуфтаи ӯ, се рӯҳонӣ дар ин барнома, ки дақиқан дар шабу рӯзи баҳси “Ошӯро” пахш гардида буд, Тӯраҷонзодаҳоро сабабгори ҷанги шаҳвандии Тоҷикистон хонда, онҳоро ба пуштибонӣ аз манофеи бегонагон низ муттаҳам кардаанд.

Дар ин парвандаи шаҳрвандӣ Тоҳир Искандарӣ, хабарнигори “СТВ”, ки барномаи "Сӯҳбати озод"-ро гардонандагӣ мекард, низ ҷавобгар мебошад.

Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, мегӯяд, онҳо дар оғоз мехостанд ин қазияро аз роҳи мусолиҳа ва пахши раддия аз ҷониби се рӯҳонии Суғд ҳаллу фасл кунанд, аммо худи рӯҳониён ва масъулони телевизиони давлатии “Суғд” онро напазируфтаанд. Ба гуфтаи хонум Воҳидова, тамоми талоши онҳо ин аст, ки ҳақиқат дар ин баҳс пирӯз шуда, се уламои Суғд ба иштибоҳи худ иқрор кунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!