Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:47

Убайдуллоев барои худ ёвар меҷӯяд

29 июл 2013, 12:08

Маҳмасаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, барои ишғоли як қатор ҷойҳои холии корӣ дар шаҳрдорӣ ва дарёфти ёвар барои худ озмун эълон намудааст.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, озмун барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар дастгоҳи шаҳрдории Душанбе ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ин ниҳод аз 29 то 30-уми августи соли ҷорӣ идома хоҳад дошт. Шаҳрдорӣ таъкид мекунад, ки ба довталабоне, ки донишгоҳро то соли 1992 хатм кардаанд, ё дар хориҷ маълумоти олӣ гирифтаанд, бартарият дода мешавад.

Ба иттилои манбаъ дар дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷойи ёрдамчии Раиси шаҳри Душанбе; мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, мудири шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия; мудири шуъбаи ташкилӣ; сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа; сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ; сармутахассиси шуъбаи кадрҳо; сармутахассиси шуъбаи коммуналию муҳандисӣ, мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо; мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа; мутахассиси пешбари шуъбаи саноат ва энергетика; мутахассиси пешбари шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия; мутахассиси пешбари шуъбаи маъмурию ҳуқуқӣ; мутахассиси шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинӣ; мутахассиси шуъбаи сохтмон ва ободонӣ; мутахассиси шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия айни ҳол холист.

Инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ; мудири шуъба оид ба корҳои дин; мудири шуъбаи кор бо занон ва оила; мудири шуъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ; сармутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдо; сармутахассиси шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе; мутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдо ниёз дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба гуфтаи чаноби Убайдуллоев кадрхои замони истиклолият бартари надоранд. Сабаб дар чист? охир Шумохам яке аз хукуматдорон хастдед. Бо ин бартаридихи ба шаъни истиклолияти Точикистон латма мезанед мухатарам шахрдори Душанбе.............
Посух додан
  • сокини пойтахт

  • 29 июл 2013 14:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хатмкунандахои соли 2003 Донишкадаи андоз ва хукук метонанд, ки овора нашванд ман дауруст фахмидам яъне танхо ДМТ-ро хатм карда бошанд дуруст? собикаи кории сардори шуъбаи кадр ва коргузориро дороам.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин бар шумо чаноби М Убайдуллоев
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
еҳе шаҳрдори титу питай ку!!!!!!1
Посух додан
  • алик

  • 16 август 2013 13:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
эхе читари титу пит бародар о чиянои раису вазирон хастандку ин вазифахо зинаи поёнианд а чиянхо рохбари ин вазифахо фахмо фАРХОД,

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!