Бахшҳо
29 июл 2013 12:57Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

САВОЛИ ШУМО БА ВАЗИРИ НАҚЛИЁТ

Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон, изҳори омодагӣ кард, ки ба ҳама саволи хонандагони торнамои “Озодагон” посух мегӯяд.

Номи Ҳакимов борҳо дар робита ба вазъи роҳҳои кишвар, нақби “Истиқлол” ва ҳамчунин масъалаи “Тоҷик Эйр” вирди забонҳо шудааст.

Низом Ҳакимов 4-уми октябри соли 1962 дар ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) ба дунё омада, соли 1983 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо тахассуси иқтисодчӣ (баҳисобгирии бухгалтерӣ) ва соли 2007 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимиро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ (роҳҳои автомобилгард ва бандарҳои ҳавоӣ) хатм кардааст.

Оқои Ҳакимов тӯли солҳои 2001-2011 директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо буд. Вай моҳи феврали соли 2011 бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон ба курсии вазири нақлиёт нишаст ва то ҳол дар ин вазифа кор мекунад.

PS: Саволҳои худро ба Низом Ҳакимов дар зери ин матлаб бинависед.
Мӯҳр
Мӯҳтарам вазир,
барои таъмири нақби "Истиқлол" Шумо аз эрониҳо умед доред. Охир, онҳо қарздор нестанд; хоҳанд, медиҳанд, нахоҳанд, не.
1. Чаро аз IRS, ки муфт пул меғундорад, дар таъмири нақб иштирок намекунад, пул гирифта наметавонед?
2. Одами мард ваъда намедиҳад ва агар диҳад иҷро мекунад. Шумо ваъда дода будед, ки аз 1 май ё июн нақбро барои таъмир мебандед.
Имрӯз 29 июл...
Гап гап ҳаст, ки Шумо ба "Тоҷирон" зуратон намерасад, бинобарин барои он ки тиҷорати онҳо халал наёбад, туннелро набастед. Ҳамин хел аст?

Мухтарам Вазири Нақлиёт аз Шумо эхтиромона хохиш дорам, ки нақлиёти Зафаробод Хучанд дар чи назар аст оё бо пурраги ба анчом мерасад?

Огои Вазир! магар хамин рохи накби Ис тиклолро бо санг хавмор кардан, ки мардумро аз ташвиши халос мекунад, кори вазнини аз дасти вазорати шумо намеомада аст? Ё барои хамин чор панч чцукурии накбро пур кардан хам пули эронихо зарур аст? Оё худи шумо боре хам аз хамин накб гузар кардаед ва агар ха ба фикратон чанд чукурии онро пур кардану рохро каме хам бошад хамвор кардан мумкин аст?
Хохишмандам ба савол мушаххас(на ин ки подврхаво) посух бигуед.

Мухтарам вазир чаро андози наклиeтхоро аз мардум мегиранду аммо роххоро бо асфалтхои пастсифати хом ямоку кадок карда холатхои садаманокии наклиетхоро зиeд мекунанд? Мехостам ба саволам ба пурраги маълумот дихед!

Мухтарам вазир чаро андози наклиeтхоро аз мардум мегиранду аммо роххоро бо асфалтхои пастсифати хом ямоку кадок карда холатхои садаманокии наклиетхоро зиeд мекунанд? Мехостам ба саволам ба пурраги маълумот дихед!

Салом, мухтарам Вазир!
Агар ёдатон бошад, замони муовини Олим Бобоев, вазири Наклиёти ЧТ буданатон дар як нишасти матбуоти соли 2010 ба суоли: " Оё роххои навтаъмири Душанбе-Вахдат-Дангара бо чарогхои рушноидиханда мучаххаз мешаванд?" чавоб гуфта будед, ки "бале барои бехатарии харакат дар шаб сар карда аз дарвозаи шаркии Душанбе(махаллаи "Обшорон") то даромадгохи шахри Вахдат миёнаи рох мо чарогхои рушноидихандаро насб мекунем".
Суол:
Чаро ин гуфтаатонро амали накардед?
Сабаби насб нашудани чарог дар чи буд?
Пас маблаги чудогардида барои чарогхо ба кучо сарф шуд?
Оё ин амалатон гувохи аз он намедихад, ки кавлатон бо амалатон мувофикат намекунад?
Ба чои хулоса. Чаноби Вазир! Агар вактатон шуд омори садамахои наклиётиро, ки дар самти рохи мошингарди Душанбе-Вахдат аз соли 2010 то имруз ба амал омадааст, аз Раёсати БДА гирифта аз назар мегузаронидед, шояд дар ин масъала хулоса мекардед?
Агар ин кор бароятон номувофик афтад, пас шабона бо мошин аз ин самти рох харакат кунед ва бо чашмони худатон хохед дид, ки набудани чарог дар ин рох чи кадар душвор ва хатарнок аст.

Аввалан миннатдории худро ба хабаргузории Озодагон мерасонам, то чунин имкониятро ба мо шахрвандон фарохам овардааст. Арзи салом Вазири мухтарам, банда сокини ш. Вахдат ч.д Гулистон мебошам. Боиси тазаккур аст, ки солхои тулонист, ки рохи асосии Гулистон ва дехотхояш дар холати ногувор карор дорад ва касе ба он таваччух зохир наменамояд, як чанд маротиб шахрвандони ин дехахо худ маблаг чудо намудан ва чойхои поргиро пушониданд, аммо аз 1 ё думох зиёд хизмат расонида натавонист. сохибони наклиёт хар мох мошинхояшонро таъмир менамоянд ва аз ин хисоб рохкиро низ гарон аст. Ба хусус рохи К.Исмоил, Тиллои Сафед ва рохи асоси Гулистон зиёд фарсудагаштааст, ин се шоха ба рохи марказии ш.Вахдат оварда мерасонан ва кариб лахзае ин рох бе мошин нест агар имконият бошад, ба ин чамоат ахмият медодед ва аз холаташ огох мешудед....

Мухтарам вазири наклиёт! Мехостам арзи худро рочеъ ба вазъи нобасомони рохи Сарводаи Айни бирасонам! Дар ин рох хамасола чандин мошинхо ба садама гирифтор шуда, чандин чонхо курбон мешаванд! Дигар ин ки ронандагон то ба кай ба ширкати IRS маблаг хоханд дод?

Миёни мардум овозае мавчуд аст, ки ширкати пулчинаки IRS ба муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон ва домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Ҷамолиддин Нуралиев тааллу дорад. Оё ин гуфта дурустанд?
Ва баъдан агар амолиддин Нуралиев сохиби ин ширкат набошад, пс сохиби он кист?
Саволи дуввум. Натичаи чустучуи журналистон ва тадкикотхои зиёд нишон додаанд, ки дар Аврупо ширате бо номи Innovative Road Solutions (IRS) вучуд надорад. Ширкати мазкур соли 2009 аз тарафи шахрвандони Точикистон таъсис дода шуда дар минтакаи офшор ба кайщд гирифта шуд. Хатто собик сафири Бритониё гуфт, ки ширкати мазкур бритониёи набуда, балки ба шахрвандони Точикистон тааллук дорад. Хукумати Точикистон чи гуна тавонист бо ширкате ки танхо соли 2009 таъсис дода шуда тачрибаи рохсози умуман надорад шартнома бандад ва онро аз хама гуна андозхо озод кунад?
Нархи беинсофонае, ки дар рохи Душанбе Чанак муайян шудааст, танхо аз тарафи ширкат муайян шуд ва ё дар ин нархгузории зидди мардуми Вазорати наклиёт хам даст дорад?

Рох аз Хушёрии Душанбе то Такфони Айни дар холати вазнин карор дорад ва аз вазъияти рох ба чунин хулосае омадан мукин аст, ки ИРС хукуки маънавии аз ин рох гирифтани пулро надорад? Тачрибаи сесола нишон дод, ки ИРС ухдаорихои бу душ гирифтаашро ичро намекунад ва ба чуз пулчини кори дигаре надорад. Оё вакти он нарасидааст, ки шартномаи байни Хукумати Точикистон ва ИРС бинобар сари вакт ичро нашудани ухдадорихо бекор карда шавад?

Чилогар
Сараввал салому дуруди маро бипазиред Раиси мухтарам Низом Хакимов.
Саволи аввалини ман
1.Чаро дар кишвари мо наклиётхои мусофиркаши давлати кариб, ки ба чашм намерасанд? Масалан хамаи микроафтобусхои хатсайри Хучанд-Истаравшан хусусианд. Эшон дар вакти хостаашон нархи рохкироро тагйир медиханд, ки ин бар зарари мардуми бечора аст.
Саволи наввбатии банда ин аст, ки
2.Чаро микроафтобусхои боркаше, ки дар дохили шахр фаъолият мебаранд, аз меъёр зиёд одам мегиранд. Вале ба ин кори эшон на кормандони наклиёту на кормандони БДА ахамият намедиханд? Ё дидаю дониста, ба кавле аз паси ангушт менигаранд.

Салом Мухтарам Вазир.
савол ба як чиз каме рушани меандохтед рохи н.Восеъ то н.Ховалинг мазори Хазрати Султон тарики рохи дехаи Кадучи ба гуфтае аз навсози мешавад омада рохоро чен кардан боз мегуяндки ким кадом шайхи араб сармоягузори мекардааст.

ЗАФАР КУРБОНОВ
1. КАЙ НАКЛИЁТИ ДУШАНБЕ БА ТАНЗИМ МЕДАРОЯД? 2. КАЙ ОДОБИ МУСОФИРКАШИРО МУСОФИРКАШОНИ МО МЕОМУЗАНД ВА ВАЗОРАТ ОИДИ ИН ЧИ ИКДОМХО НАМУДААСТ? 3. КАЙ ДАР ЯК МАРШРУТ 30-40 НАФАР БОР КАРДАНРО БАС МЕКУНЕД? КИ БОЯД НАЗОРАТ БАРАД, КИ МУСОФИРОНРО БО ТЕЪДОДИ КУРСИХОИ НИШАСТ БОЯД БОР КАРД? 4. АГАР ЧУНИН НАБОШАД ПАС МАЪЛУМ МЕАРДАД КИ ХУКУКИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН ПОЙМОЛ ВА МАКОМОТ ТАНХО БА ЧАЙБАШ КОР МЕКУНАД?

Darvesh
Janobi Vazir! Meshavad ki mo ruy ba ruy online savolu javob kunem???

Салом мухтарам вазир.
Ба низоми наклиёти мусофиркаши ш. Душанбе кай эътибор дода мешавад.
Гап хаст, ки пули чамъкардаи кондукторхо ба кисаи мансабдорони хамин корхонахо ворид мешавад. Аз хамин сабаб низоми наклиёт дар шахр ба ягон меъёрхои шахрдори чавобгуй нест. Кормандони наклиёти шахр ба ягон этикаю эстетикаи хизматрасони чавобгуй нестанд. Дар истгоххо чи кадаре, хоханд меистанд то пур шудани автобусу троллейбус. Саристгохи наклиётхои мусофиркаши автобусу тролейбус ба монанди автопаркхо мубаддал шудаанд. Ягон график дида н-вад. Хангоми талаб кардан ба мусофирон дагали м-нд. Кай наклиёти мусофиркаши ш. Душанбе аз руи график харакат м-над. Илтимос саволро ба Хукумати шахр вогузор накунед. Худатон чора бинед. Ин бетартиби бовар кунед кариб 23 сол мешавад, ки амал карда истодааст. Саломат бошед.

Уважаемый министр! По дороги Душанбе -Худжанд грузовые машины всё едут и едут с перегрузкой, а от того что установили весы проблемы нерешить .Людей надо менять, которые стоят у весов, сами подумайте с такой низкой зарплатой они работают с удовольствием сутками на дорогах...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)