Бахшҳо
29 июл 2013 13:42Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Боздошти 23 устоди донишгоҳ барои “порагирӣ” дар як моҳ

Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон мегӯяд, дар як моҳи охир 23 омӯзгори донишгоҳҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ёвари муовини ректори Донишгоҳи тиббиро, боздошт кардаанд.

Фаттоҳ Саидов, ки дар нишасти хабарии 29-уми июл дар Душанбе, сӯҳбат мекард, гуфт, ин устодон дар ҷараёни санҷиши ниҳоди таҳти раҳбарии ӯ бо ҷурми пора гирифтан барои дохил кардани довталабон боздошт гардидаанд.

“Барои мисол, як нафари онҳо ёвари муовини ректори Донишгоҳи тиббӣ аст. Ин масъули донишгоҳ барои дар бахши шартномавӣ дохил кардани довталаб 8 ҳазор доллар талаб кардааст”,-гуфт ӯ.

Оқои Саидов дар идома афзуд, феълан корҳои санҷишӣ дар донишгоҳҳо идома дошта, барои якбора ошкор кардани тамоми ҳолатҳои ришваситонӣ Оҷонсӣ нерӯи кофӣ надорад. Раҳбари Оҷонсии зидди фасоди молӣ гуфт, дастгир шудани омӯзгорон маънои ба маҳкама кашидани онҳоро надорад.

“Мо наметавонем ҳамаи боздоштшудаҳоро ба зиндон фиристем. Қисме аз онҳоро мо бо дарназардошти вазъият озод мекунем”,-илова кард ӯ.

Ҳоло давраи дохилшавии довталабон ба донишгоҳҳои Тоҷикистон аст. Ҳарчанд сокинон мегӯянд, бисёр вақт бо талаби ришваи омӯзгорону масъулони донишгоҳҳо рӯбарӯ мешаванд, вале мақомоти Вазорати маориф ва донишгоҳҳо инчунин ҳолатҳоро башиддат рад мекунанд ва мегӯянд, ягон “ставка”-и воридшавӣ ба донишгоҳҳо вуҷуд надорад.
Мӯҳр
Чи гуна ягон “ставка”-и воридшавӣ ба донишгоҳҳо вуҷуд надорад,модоме,ки щама инро медонанд.
Дастгир шудани омӯзгорон маънои ба маҳкама кашидани онҳоро надорад... онхо порагириашонро дар давоми тахсил бояд давом диханд.

"Қисме аз онҳоро мо бо дарназардошти вазъият озод мекунем”,-илова кард ӯ. Аз ин гап хам буи коррупсия меояд. Аз чазо танхо суд озод мекунад, агар ман хато накунам. Бехуда нагуфаанд: ...Чора чи бошад, чу бигандад намак..

зафар курбонов
макомоти вазорати маориф дуруг мегуяд!!!!!!!!!!!!!

Муллоафанди
Аз шахсе пурсиданд, барои чи туро хабс карданд?
Гуфт:
-Пора додам...
Боз пурсиданд:
-Барои чи туро озод карданд?
Гуфт:
-Пора додам.

як шахс
"Барои мисол, як нафари онҳо ёвари муовини ректори Донишгоҳи тиббӣ аст"
Лекин вохимаи сахт карди-а РУЗНОМАНИГОР?! О ин одам дарахтора да Караболо об дода мегашт. Баъд фахмам вазифаи яке аз ёрдамчихои Проректори хочагидории донишгохро ба ухда доштаст. Ин шахсро дар тарафи бинои асосии донишгох, ки раёсат ончост хато намедидед, у ба корхои таълимиву илмии донишгох, комиссияи кабули донишгох ягон вобастаги надорад. Бисёрихо дар донишгох уро хатто намешиносанд.
Аз хакикат дур нест, ки у хам бо методи пула гирем дохил шавад ба худ мемонем, дохил нашавад бармегардонем. кор кардани буд, ки нашуд.

Чигиваро
Некруз,
Хамин ставкая на донишгох бал ки худи одамон маълум мекунанд. Чун вакти дохил шави омад одамон дар такокуб ки ба пул дихем. Пул медодаги ки бисёр шуд, пул мегирифтаги ёфт мешавад. Хар як мошеннико пули 10-15 каса мегиранду баъд хамааш насиб гуфта мешинанд. Баъзехо ки бо дониш гузаштан 3-4 нафар пулашонро гирифта, мондагиашро бар мегардонад. Хамин тавр, номи "донишгох бад", "пул додаги сухт", мошенник бурд кард ё мошенника капидан. ИНХЕЛ ШАХСОН ДУР НАМЕРАВАНД! Ба хар кас бовар накунед.

Ваколатдор
Ба хамаи хонандагони арчманди сомона!
Ин Иброхимов Самариддин на устоди донишгох, на аъзои раёсати донишгох, на аъзои Шурои олимони донишгох, на аъзои комиссия кабули донишгох, на хатмкардаи Донишгохи тибби нест. У танхо яке аз чанд нафар ёрдамчии проректор оид ба корхои хочаги буду халос. Вазифаи у танхо нигохубини хавлихову богхои назди бинои нави Донишгох вокеъ дар Карияи Боло буд. Ин журналистон дар хангомасози хамто надоранд. Хай онхоро фахмидан даркор. Холо то маколаи ту хангома насозад ба ту гонорар намедиханд. Бояд як чизи мухимро хамагон дарк кунанд, ки ин Иброхимови муттахам ба Ректор, Раёсат ва Комиссияи кабул ягон иртибот надорад. У танхо рохи тавакккал пеша карда, аз довталабони гумрох пул ситондааст, яъне аз дасти ин харомхур ягон кор намеомад.

Неъмат
Барои порагири байни 23 омузгорон «барои мисол» чаро танхо номи донишгохи тиббиро мегиред? Хамааш аён аст, ки солхои охир ин донишгох худро дар байни мактабхои оли ва ба мардум нишон дод, ки дохил шудан ва тахсил намудан дар ин донишгох пурра ройгон аст. Донишгохе,ки обуруи баланд дорад, хангоме, ки як богбони донишгох пора гирифтааст, ба мардум «сенсация» метобад. Фаромуш насозед, ки вай на аъзои раёсат ва на омузгор аст.

Барои порагири байни 23 омузгорон «барои мисол» чаро танхо номи донишгохи тиббиро мегиред? Хамааш аён аст, ки солхои охир ин донишгох худро дар байни мактабхои оли ва ба мардум нишон дод, ки дохил шудан ва тахсил намудан дар ин донишгох пурра ройгон аст. Донишгохе,ки обуруи баланд дорад, хангоме, ки як богбони донишгох пора гирифтааст, ба мардум «сенсация» метобад. Фаромуш насозед, ки вай на аъзои раёсат ва на омузгор аст.

Хуршед
Ба хамаи хонандагон ва назарнависони сомонаи ozodagon ва ба тамоми хамватанони азизам гуфтаниям, ки имруз агар довталаб саводи кофи дошта бошад у хатман донишчу мешавад, бе ягон "тагабози" ва ё додани ришва.
Ман шахсан худам соли 2003 бо дониши худ ба Донишгохи тибби дохил шудам. Дар давоми 8 соли тахсил (6 солаи хатми ва 2 соли магистратура) ба ягон устоди ин донишгох низ ришва надодаам. Зиёда аз 40 имтихон супоридаам, ки 14-тои он имтихони давалати хастанд - хамааш бо бахои аъло. Бо хохиши худам ба магистратура ва баъд ба аспирантура дохил шудам - албатта бе додани ягон ришва. Ин хама худтаърифкуни нест бародархо. Ман танхо мехохам ба Шумо расонам, ки ба Донишгохи тибби бе ягон пулу тагабози метавон дохил шуд ва онро бо мувафаккият хатм кард. Барои хамин танхо ба кави кардани дониши худ кушиш кунед. Бовар кунед падару модархои азиз, хамон якчанд хазор долларе, ки шумо тайёред ба харомхурон хамчун ришва барои дохилкунии фарзандатон дихед, бехтараш аз аввали мавсим кисми ками онро ба муаллимхое, ки довталабонро барои дохилшави тайёр мекунанд, масраф намуда, ба фарзандатон дониш дихед, на ин ки аз аввали саршавии хаёти мустакил харомхуриро омузонед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)