Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 00:12

Мақомоти Суғд мегӯянд, дар фикри Иди картошка ҳастанд

30 июл 2013, 08:57

Яке аз муовинони раиси вилояти Суғд, ки рӯзи 29-уми июл дар нишасти хабарии раёсати кишоварзӣ суҳбат мекард, гуфт, онҳо дар фикри ташкили Иди картошка мешаванд. Ба қавли Аҳмадҷон Қобилов, чунин пешниҳод ба онҳо ироа шудааст ва онро баррасӣ намудаву сипас хулосаи худро хоҳанд гуфт.

“Бо супориши ҳукумат охири моҳи оянда иди харбуза, асал ва кадуро мегузаронем, лекин иди картошкаро ягон бор нагузаронидаем. Як маслиҳат мекунем, кори мешудагӣ аст”,-афзуд ӯ.

Ҷаноби Қобилов афзуд, кишоварзони маҳаллӣ вилояти Суғдро бапуррагӣ бо картошка таъмин мекунанд. Ва, инчунин, ӯ вақти ҷашнгирии иди картошкаро низ тахминан баён кард: “Ташкил кардан мумкин аст. Дар пеш Ҷашни сада аст. Дар ҳамон вақт картошка қариб, ки мепазад. Омӯхта бароем, шароит шавад, мегузаронем.”

Бар пояи маълумоти расмии ҳукумати Суғд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ин вилоят 8 ҳазору 311 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 196,9 фоиз бештар будааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Чурабой

  • 30 июл 2013 09:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Иди каланфур гурзонитон джо зур мешат-дия.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бехтарин ид бигузор дар китоби гинес чойи худро ёбад сар то сари чумхури муаззаф аст, ки ин идро бошкух гузаронад дар таквим ин рузро бо ранги сурх чой дихед бехтарин фикр офарин хатман иди кратошка бо пайёмаш бошад дар кучахои шахр хама аз картошка сухан гуяд шукронаи картошка гуем хатто дар дехотхо ин идро бошкух гузаронанд ва мрадум аз картошка истикбол гиранд ва як рухияи тоза ба худ гиранд. Бехтарин ид МУБОРАК БОШАД ИДИ КАРТОШКА.

Ватан туро зебанда иди картошка.
Илхомбахши хар дехкон картошка.
Хуроки субху шом картошка.
Картошкачон картошка (2-бор)
Картошкачон картошка.
Накарот накарот
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хеле афсус ман мехостам иди редискаро кайд гиранд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чи хел фахмем ин халки вилояти Сугда? Дар пеши Иди Шарифи Рамазон (Иди фитр) аст. Ба чои он, ки руза гиранду фитри рузаву закоти мол тиянд, онхо бошанд дар гами Иди картошка. Э войе..........., "Хар айб, ки хаст, дар мусулмонии мост"
Посух додан
  • Хуҷандӣ

  • 30 июл 2013 11:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дехкон,

Бародар, халҷи Суғд аз иди кадуяш ҳам безор асту иди харбузааш ҳам ва картошкааш ҳам. Инро ба ҳукумат гӯед, на ба халқ.Чурабой,
Посух додан
  • шукрулло

  • 30 июл 2013 11:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шукронаи иди картошка кунед шукрона кунед ки чунин ватани картошкаи хосилхез доред
Посух додан
  • Манучер

  • 30 июл 2013 11:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Иди сабзира, пиеза, бодрингу памидора, капуста..., фаромшт накнен. Шарм накунед бачои як фикри бехбудии мардума кунед харуза ид ташкил карда гаштен барои кайфу сафои хтон
Посух додан
  • Качолу

  • 30 июл 2013 11:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар ин масълаи чидди ва нозук дар ЧТ, аввал бояд тадкикот ва далелхои илмии таърихшиносони сохаи картошка ба назар гирифта шавад, на ин ки суистифода аз мансаби вазири кишоварзи, ки зодаи Ленинобод аст. Аслан ин иди таърихи 4000 сола доштаи моли ориёнони минтакаи Гарму Чиргатол мебошад, ва бояд хакикати таърихиро ба назар гирифта, идро идро иди аждодии ин митакахо намид, дар аски хол мардуми ба ору номуси ориёи Гарму Чиргатол даст ба тахозурот зада то ба ЮНЕСКО ва суди Гаага барои руи об баровардани ин амали чинояткоронаи ленинободихо, хамтман муроичиат мекунанд wink
Посух додан
  • Мухлиса

  • 31 июл 2013 11:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухим кайд кардани иди картошка, пиёз, шалгам ё каду нест. Балки мухимтар аз хама барои ин чиновникхои мо ИД бошад бас! Ин вокеъан хам идеяи бисёр ачоибу шоёни дастгири аст. Охир хамин идхо аст, ки аз буча маблагхои калонро чудо мекунанд ва дар баробари идгох хонахои онхо хам обод мешавад. Бигзор 365 рузи солро ба меваю сабзавотхо таксим кунем ва хар руз ид бошад... иди сабзи, иди пиёз, иди себу анору ангуру шафтолую олую олучаю каду ва харбузу тарбузахои Узбекистон дар Точикистони чаннатосо! Бигзор мардум якдигарро бо ин идхо табрик гуянд: "Иди шалгам бароятон муборак бошад!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инаш аз хад гузашт-ку! Иди харбуза, тарбуз, каду, зардолу, помидор ва амсоли онро дида будем. Аммо, ин растанихои номбурда гайр аз помидор растанихои тахчои нестанд. Аз хамин сабаб ба хотири эхтироми сабзавоти мухочиршуда ба Точикистон ин идро якчоя гузаронидан лозим аст: Иди помидору картошка. Агар дар хорича касе мухочирони точикро кадр накунад, биёед мо акалан сабзавоти мухочирамонро кадр кунем! Вокеан, холо боз чанд сабзавоти хитоию куриёи хам ба Точикистон майли мухочиршави доранд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!