Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 23 июн 2017, 17:05

Муҷозоти ҳуқуқдони атеист барои таблиғоти зиддидинӣ

30 июл 2013, 12:03

Додситонии шаҳри Риддери Қазоқистон алайҳи Александр Харламов, ҳуқуқшиноси ин кишвар, барои дидгоҳҳои атеистиаш парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Додситонии мазкур мегӯяд, ин ҳуқушиноси 63-солаи қазоқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуоти даврии ин кишвар матолиберо нашр менамояд, ки дар онҳо нафрат нисбат ба дину ойин ва шубҳа доштан дар мавҷудияти Худо эҳсос мешавад.

Ба гуфтаи ин ниҳод, Харламов баъд аз омӯзиши адёни мухталифи дунё, аз қабили дини Ислом, масеҳӣ, яҳудӣ ва буддоӣ ба навиштани шарҳу тафсилот оид ба адён шуруъ намудааст: “Азбаски аксарияти аҳолии Қазоқистонро диндорон ташкил медиҳанд, ин ҳуқушинос ба таври амдан (барқасдона) идеяҳои зараррасони худро миёни сокинон паҳн менамояд.”

Гуфта мешавад, дар сурати айбдор дониста шудани Александр Харламов аз сӯи додгоҳ тибқи моддаи 164-и Кодекси ҷиноии Қазоқистон, барои ӯ муҷозот ба маблағи 8 ҳазору 500 евро ё то 5 соли зиндон пешбинӣ шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!