Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 01:39

Нигаронии генерал аз истифодаи мухаддирот дар дискотекаҳои Душанбе

30 июл 2013, 14:40

Рустам Назаров, роҳбари Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, аз истифодаи маводи мадҳушкунанда, психотропӣ ва мухаддирот дар марказҳои дилхушӣ ва дискотекаҳои Душанбе нигаронӣ кард.

Генерал Назаров, имрӯз, 30-юми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, сарусадоҳои зиёд дар мавриди итифодаи маводҳои психотропӣ дар марказҳои дилхушӣ ҳақиқат доранд. Ба итилои ӯ то ҳол 6 мавриди харидуфурӯши маводи психотропиро ошкор кардаанд: "Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе дискоклубҳо ҳоло ҳам харидуфурӯш ва истифодаи маводи психотропӣ ҷой дорад."

Назаров афзуд, ки маводи психотропӣ ба Тоҷикистон бештар аз Русия ва Қазоқистон ворид мешаванд. Ӯ аз ҷумла боздошти шаҳрванди Афғонистонро бо 62 кило маводи синтетикии менфитамин дар фурудгоҳи Душанбе зикр кард, ки ахиран ба 17 соли зиндон маҳкум шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе низ дар ҷаласаҳои ахираш аз рафтори ҷавонон дар марказҳои дилхушии пойтахт интиқод намуда, ба мақомоти қудратӣ дастур дода буд, ки фаъолияти муассисаҳоро зери назорат бигаранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худи агентхои ин агенти маводи мухаддир дар дискоклубхо мефурушаду боз героин мекобанд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ташаккур ба Шумо генерал, ки масъалаи фуруши маводи мухаддиро дар дискотекахо бардоштед. Ин гапи нав нест хар касе ки ба дискотека алока дорад ва ё дар наздикихои он зиндаги мекунад, аз ин масъала кайхо огох хастанд. Агар масъалаи рафтору кирдори ношоями дискотекахо ва муштариёни онхро хам мавриди тахлилу тахкик мегардид, хело хуб мешуд. Духтарону чавонони ноболиг дар инчо бо чи корхои ношоиста машгуланд боз мавзуи дигар, ки сари он бояд андеша кард.
Посух додан
  • hisor

  • 31 июл 2013 00:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
in az soli 95 to hozir bud in tabletkavu geroin furushi.guyo ki general nav xabar yoftaast..korgaroni xudaton dar in korho kush astanu dolya megiran.boyad korxonai shumoro az shumo sar karda hamaatona ivaz kunand.solhoi ziyod ast vazir hasted.lekin narkotik nest nashudaast..korgarhoton 80 foizash uzbaktabor astan.baroi hamin dilashon ba javononi tojik namesuzad..
Посух додан
  • х

  • 31 июл 2013 08:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дискотека чойи бангихову фохишахост. Онхоро умуман бастан лозим аст.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!