Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 07:19

Иштироки Бердимуҳаммадов дар маросими қасамхӯрии Рӯҳонӣ

30 июл 2013, 16:50

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон низ дар маросими савгандёдкунии Ҳасан Руҳонӣ, раисиҷумҳури нави Эрон иштирок мекунад.

Ба итилои расонаҳои эронӣ, Сайидмуҳаммад Мусо Ҳошимӣ, сафири Эрон дар Ашқобод бо таъйиди ин хабар гуфтааст, Бердимуҳаммадов дар раъси ҳайате барои иштирок дар маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури кишвараш ба Теҳрон сафар хоҳад кард.

Ба гуфтаи сафири Эрон дар Ашқобод, Теҳрон ҳар вақт, ки чунин маросиме баргузор кунад, ҳатман мақомҳои баландпояи кишварҳои дӯсту бародари хешро даъват хоҳад кард: “Иштироки Бердимуҳаммадов дар маросими мазкур бозгӯи равобити хуби Теҳрону Ашқобод аз ҷиҳати сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад.”

Ин дар ҳолест, ки Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон низ гуфта буд, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 3-юми августи соли ҷорӣ дар раъси ҳайате барои ширкат дар маросими савгандёдкунии Ҳасан Руҳонӣ, раисмҷумҳури нави Эрон, ба Теҳрон сафар мекунад.

Маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури нави Эрон 3-юми августи соли ҷорӣ баргузор шуда, он аз маросимҳои қаблӣ фарқкунанда хоҳад буд. Ба навиштаи расонаҳои ин кишвар, ин бор дар маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури Эрон мақомҳои баланпояи кишварҳои хориҷӣ ширкат хоҳанд кард. Дар ин маросим то кунун ташрифи беш аз 10 раисиҷумҳури кишварҳои хориҷӣ таъйид шуда, эҳтимол дорад, ин нишондод то ба 15 бирасад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!