Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:31

Ихтироъкорони қаламкамон аз сӯи мақомоти интизомӣ боздошт шуданд

21 июл 2011, 10:00

Кормандони пулиси Русия оид ба вилояти Амур 2 нафар харроти корхонаи таъмири танкҳоро, ки пинҳонӣ қаламҳои оташфишон тайёр намуда, мефрӯхтаанд, дастгир кард.


Ин қаламҳои оҳанини оташфишонро дар ҳудуди деҳаи Возжаевкаи ноҳияи  Белогорск омода месохтанд. Кормандони пулис тибқи корҳои фаври-ҷустўҷӯӣ  аз яке аз ин харротон 6 адад қаламҳои оташфишонро ҳар кадоме бо қимати 5 ҳазор рубли русӣ муодили чизе бештар аз 100 доллари ИМА харидорӣ намудаанд. Харроти дигарро бошад аз ҷойи кораш- корхонаи таъмири танкҳо даст гирифтаанд.
Мутобиқ ба иттилоъи пулиси Амур бо ин вуҷуд, ки қаламҳои оташфишон тирҳои ҳаҷман хурди 5,6 мм-ро мехўранд, зарбаи ин тирҳо хеле бузург буда, дарахти ғафсро низ шикофта мегузаштааст. Масофаи паридани тири қаламкамонҳо то 10- 15 метр мерасидаанд.
-Ташкилкунанда ва сарвари ин гурўҳи ҷиноӣ яке аз харротон- афсари собиқи артиши Русия дониста шудааст, ки муаллифи тарҳи сохтани ин қаламкамон будааст.
Феълан, ҳардуи боздоштшудагон ба гуноҳи худ иқрор кардаанд ва аллакай ҷойи махсус омодашудаи санҷиши нерўи қаламкамонҳоро дар ҷангал ба пулис нишон додаанд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!