Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 15:10

“Касе Ҷаннат Усмоноваро маҷбур накарда буд, худро ба Сир партояд”

31 июл 2013, 08:55

Масъулони Оҷонсии зидди фасоди молӣ ё коррупсия дар вилояти Суғд мегӯянд, касе марҳум Ҷаннат Усмонова, устоди Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷандро ба ҳолате нарасонида буд, ки худро ба дарё партояд. Ҳусейн Оқилов, раҳбари ин ниҳод дар шимоли Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт, онҳо далели кофӣ дар бораи ришваситонии Усмоноваро доштанд ва ҳадафшон танҳо таҳқиқи қазия буд, на чизи дигар.

Ҷаноби Оқилов афзуд, “дар ҳақиқат, баъд аз як рӯзи боздошти муаллима ду корманди мо ба Коллеҷи омӯзгорӣ рафтанд. Барои он ки утоқи кории мудири кафедра муҳр зада шуда буд. Лекин кормандони мо аз ӯ 8000 доллар талаб накардаанд. Чуноне ки баъдан дар ин бора сару садо пайдо шуд.”

Сардори раёсат дар идома гуфт, касе Ҷаннат Усмоноваро маҷбур накардааст, то худро ба дарё партояд. Манбаъ такид дошт, ба раёсати зидди фасоди молӣ аз ҷониби як сокини Суғд ариза ворид гардида буд ва аз ҳамин сабаб муаллима боздошт гардидааст. Ҳусейн Оқилов иттилои ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд Ғафур Усмоновро дар бораи ин ки дар пул изи дасти Ҷаннат Усмонова набудааст, рад кард ва илова намуд, “далелҳои шайъии ҷиноят содир кардани муаллимаро дар даст дорем.”

Рӯзи 25-уми июни соли ҷорӣ устоди Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Ҷаннат Усмоноваро кормандони Оҷонсии зидди фасод бо аломатҳои гирифтани “пора” ба маблағи 250 доллар дастгир карда буданд. Баъдан Усмоноваи 64-сола шаби 26-ум ба 27-уми июн аз хонааш баромада, дигар барнагаштааст. Танҳо баъд аз ду рӯзи ин ҳодиса ҷасади ӯро дар ҳудуди ноҳияи Спитамен, аз назди соҳили дарёи Сир, пайдо карданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
КОРМАНДОНИ ОЧОНСИИ ФАСОД..! ЧАННАТ УСМОНОВАРО ШУМО МАЧБУР КАРДЕД ВАМАРГИ МУАЛЛИМА БА ШУМО ТААЛУК ДОРАД. МУАЛЛИМАЕ, КИ ЗИЁДА АЗ ДАХХО ХАЗОР НАСЛИ НАВРАСРО ТАРБИЯ КАРДА БУД БО ТУХМАТХОИ ПАЛИДОНАИ ШУМО ФАСОДИЁНИ ФАСОДКОР ХУДРО БА ХАЛОКАТ РАСОНИД......
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
АЗ ВАКТЕ, КИ ОЧОНСИИ ФАСОД (КАРУПСИЯ) ДАР ТОЧИКИСТОНИ МО ПАЙДО ШУД ВА РОХБАРАШ ШЕРХОН КОСИМОВ БУД ЧАНДИН ШАХСОНИ БЕ ГУНОХРО ТУХМАТ БА КАРУПСИЯ КАРДА ЗИНДОН КАРДАНД....
КИ ХУДАШОН МИЛЛИОНХО СОМОНИРО ДУЗДИДААНД..
"БА ПЕШИ ОН ШАХСОНЕ, КИ РУИ РОСТ ПОРА МЕГИРАНД ЯЪНЕ ХУКУМАТ ДОРОНИ ВАТАНАМОН АГАР ХАМОН ШЕРХОН КОСИМОВ ВА САРДОРИ ХОЗИРАИ ОЧОНСИИ ФАСОД РАВАНД Ё МЕРАФТАНД ПОЙХОЯШОНРО МЕБУРИДАНД..... ХАЙР ОНХО ХАМААШОН АЗ ЯК АВЛОДАНД"....
Посух додан
  • Умар

  • 31 июл 2013 11:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Онхо хатто шахсони бегунохро чунон вахму вохима мекунанд,ки асаби на хар кас мебардорад.Дар ин холат бошад обруи чандинсолаи ин муаллима дар зери хатар буд!Дар бораи талаби 8 хазор доллар ман млн поцент бовари дорам!На танхо агентии зиддифасод,балки тамоми макомоти кудрати ЯГОН ЗАРРАЧА шарму хайё накарда руирост аз шахрвандоне,ки хатто бегуноханду бо сабабе кори онхо ба ине макомот меафтад пул талаб мекунанд.Ман намедонам чи бояд шавад то пеши рохи ин гирифта шавад.Зеро дар тамоми ВАО менависанду мегуянд,худи фасодкорон мегуянд,ки мубориза мебаранд,аммо руз аз руз фасод равнак ёфта холати мардуми точик бадтар шуда истодааст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!