Бахшҳо
31 июл 2013 12:09Тоҷикистон / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати вазирон ба Маскав рафт

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи 31-уми июл бо як сафари корӣ озими Русия шуд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, "Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафараш мушовир оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, вазири энержӣ ва саноат Гул Шералӣ, муовини аввали Вазири умури хориҷӣ Маҳмудҷон Собиров, сардори Хадамоти муҳоҷират Сафиаллоҳ Девонаев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд."

Ин сафар бо даъвати Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, сурат гирифта, зимни он дар назар аст, тавофуқоти Путину Раҳмон, ки моҳи октябри соли 2012 имзо шудаанд, муфассал баррасӣ шаванд. Аз ҷумла, дар назар аст лағви боҷи содиротии маҳсулоти нафтӣ, тасвиби созишномаи пойгоҳи 201, ироаи сабукиҳо ба муҳоҷирони кории тоҷик ва дигар масъалаҳо баррасӣ шаванд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз соҳибназарон ин сафарро барои худи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон, ки яке аз номзадҳо дар интихоботи моҳи нобри соли ҷорӣ хоҳад буд, муҳим медонанд. Онҳо мегӯянд, дар ҳар сурат, пеш аз гузоштани номзадӣ оқои Раҳмон мехоҳад, "ок"-и Маскавро бигирад. То ҳоло Эмомалӣ Раҳмон расман нагуфтааст, ки дар ин интихобот ширкат меҷӯяд. Вале Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ҳанӯз соли гузашта эълон дошта буд, ки бо номзади худ дар ин интихобот ширкат мекунад ва раисиҷумҳури кунуниро номзади арзанда дониста буд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)